Шавҳари Манижа Сангин кист?

Сароянда ва оҳангсози машҳури тоҷиктабори Русия Манижа Сангин шоми 6-уми сентябри соли 2022 бо коргардон Ладо Кватания пайванди оиладорӣ бастанд. Аксҳо аз маросими ақди никоҳи онҳоро журналисти рус Ксения Собчак расонаӣ намуд. Дар маросими ақди никоҳи онҳо, ки дар Николиная Гора, деҳае дар 30-километрии ғарби шаҳри Маскав доир шудааст, Манижа бо либоси арусӣ дида мешавад.

Моҳи ноябри соли 2021 Манижа гуфта буд, ки дӯстписараш пешниҳоди издивоҷ кардааст ва худи ӯ низ барои бастани ин аҳд розӣ аст.

Манижа соли 2021 чун намояндаи кишвари Русия дар озмуни муътабари “Евровидение” иштирок карда, дар байни 41 довталаб ҷои 9-умро касб намуда буд. Ладо Кватания — дӯстписари ӯ муаллифи консепсияи ҳунарнамоии Манижа дар “Евровидение” бо таронаи “Русская женщина” буд ва барои дастгирии Манижа ба Нидерландия низ рафта буд.

Манижа Сангин зодаи шаҳри Душанбе буда, 31 сол дорад. Соли 1994 оилаи онҳо ба Маскав мекӯчанд. Манижа хатмкардаи риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия аст.

Манижа соли 2007 бо тахаллуси Ру.Кола ба майдони ҳунар баромад ва таронаи аввалинаш бо номи «Пренебрегаю» ӯро дар саросари Русия машҳур гардонд. Соли 2008 Манижа нахустин албоми суруҳояш бо ҳамин ном нашр шуд.

Ҳангоме, ки Манижа ба ҳайси намояндаи Русия дар озмуни “Евровидение” соли гузашта интихоб шуд, вокунишҳои зиёди манфие ҳатто аз ҷониби шахсиятҳои шинохта вирди забонҳо гашт. Барои русҳо шубҳаовар буд, ки як тоҷикистонӣ Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо намояндагӣ мекунад. Манижа Сангин дар посух гуфт, ки “муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ ҳамчун як нафари зодаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд дорад”.

Замоне ақди никоҳи Манижа доир гаштааст, ки бинобар мавқеи мухолифаташ ба ҷанги Русия дар Украина ба вокунишҳои бадбинона дар Русия дучор шудааст. Моҳи июн ин бадбиниҳо боис шуд, ки масъулони ҷашнвораи “Стереолето” дар Петербург номи ӯро аз рӯйхати иштирокчиён бигиранд.

Баъди он, ки иштироки Манижаро дар чандин консерту барномаҳо дар Русия боздоштанд, ӯ тасмим дорад ба кишварҳои Осиёи Миёна равад ва консертҳои худро баргузор намояд.

Рӯзи 9-уми октябр Манижа дар зодгоҳаш — шаҳри Душанбе таҳти унвони “Шаҳри Хуршед” дар “Кохи Суруш” консерт барпо мекунад. Ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ вохӯрии деринтизор ва хурсандиоварашро бо Душанбе чунин баён намудааст: “Душанбеи ман! Шаҳри офтобии ман!”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *