Шавкат Мирзиёев ба Амрико меравад
, раиси ҷумҳури Узбекистон, бо даъвати президенти Амрико Доналд Трамп рӯзҳои 15-17-уми май бо нахустин сафари расмӣ ба Иёлоти Муттаҳида меравад.
«Дар ин сафар ҳамкориҳои дутарафа ва масоили ҷаҳониву минтақаӣ баррасӣ хоҳад шуд», — хабар медиҳад маркази матбуотии президенти Узбекистон.
Раиси ҷумҳури Узбекистон дар Вашингтон, инчунин, аз Конгресс, Вазорати дифоъ, Департаменти давлатии ИМА ва Бонки ҷаҳонӣ дидан мекунад.
Дар поёни мулоқот изҳороти муштараки «Узбекистон ва ИМА: оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои роҳбурдӣ» қабул мешавад ва чанд санад ба имзо мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ