Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 27-28 сентябр аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора сухангӯи Мирзиёев — Комил Алламҷонов дар Фейсбук хабар дод.

«Дар рӯзи якуми сафар як қатор чорабиниҳои дуҷониба дар назар аст. Президент 28 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад. Баргузории гуфтугӯҳо дар доираи хурду васеъ ва имзои як қатор санадҳо дар назар аст», — навиштааст сухангӯи президенти Ӯзбекистон.

Ёдрас мешавем, раҳбарони ду кишвар бори охир моҳи августи соли равон дар шаҳри Тошканд мулоқот карда буданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 20 сол бори нахуст сафари таърихӣ ва давлатиеро ба Ӯзбекистон 17 август анҷом дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *