Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлати президентиро эълон кард

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон, рӯзи 8-уми май хостори баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ шуд. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта барои баргузории раъйпурсие раъй доданд, ки бар асоси он Мирзиёев метавонад ду давраи ҳафтсолаи дигар, яъне то соли 2040 президент бошад.

Аммо нозирони байналмилалӣ ин раъйпурсиро, ки рӯзи 30-юми апрел баргузор шуд, нопурра хонда ва гуфтанд, ки мухолифони ҳукумат дар ин раъйдиҳӣ ба таври густарда ширкат накардаанд.

Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон гуфт, ки Мирзиёев бо судури як фармон санаи 9-уми июлро рӯзи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат таъйин кардааст.

Тибқи гузориши DARYO.UZ, Шавкат Мирзёев дар баромади худ нисбати ин қарор гуфт: “Имрӯз дар шароити кунунӣ ин қарори дуруст ва одилонатарин хоҳад буд”.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 8-уми май қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ӯзбекистон, аз ҷумла ба Кодекси интихобот, эътибор пайдо кард. Палатаи қонунгузор ин қонунро 2-юми май, Сенат 4-уми май ва президент 6-уми май қабул карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *