Шавкат Мирзиёев номзад ба интихоботи навбатии президентӣ
Шавкат Мирзиёевро ба интихоботи навбатии президентӣ Ҳизби ҳокими либерал -демократии Ӯзбекистон ҳамчун номзад пешбарӣ кард.
Дар Узбакистон интихоботи президентӣ 24 октябр баргузор мешавад. Дар ин интихобот 5 ҳизби сиёсии расман ба қайд гирифташуда ҳақ доранд номзадҳои худро пешбарӣ кунанд. Ҳама аз ҳукумати феълии Мирзиёев пуштибонӣ мекунанд ва номзадҳои худро пешбарӣ мекунанд, то ба интихобот ранги алтернативӣ ва намуди рақобат диҳанд.
Қаблан Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродовро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ карда буд. Ва пленуми шӯрои марказии Ҳизби сотсиал -демократии «Адолат» дар анҷумани худ тасмим гирифт, ки раҳбари ҳизб Баҳром Абдухалимовро аз номзади Ҳизби сотсиал -демократ пешбарӣ кунад.
Шавкат Мирзиёеви 64-сола, ки давраи панҷсолаи раёсати ҷумҳуриро ба охир мерасонад, то ҳол ба номзадии ӯ барои як давраи дигар вокуниш нишон надодааст. Мирзиёев соли 2016 пас аз даргузашти нахустин президенти Узбакистон Ислом Каримов, ки бо сиёсатҳои сахтгирона ва саркӯбии худ маъруф буд, сари қудрат омад.
Баръакси Каримов, Мирзиёев тавонист муносибатҳои Узбакистонро бо ҳама ҳамсоягонаш дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба эътидол орад, мубориза бо фасодро дар дохили кишвар оғоз кунад, бисёр маҳбусони сиёсиро озод кард, маҳдудиятҳои зиёдеро аз байн бурд ва ба сокинон баъзе озодиҳо дод. М
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ