Шавкат Мирзиёев: СҲШ қавист, агар ҳар яки мо тавоно бошем

Раванди ҳамкории  байналмилалӣ, ки ба усулҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, шуруъ ба шикасти қобили таваҷҷуҳе кардааст.Дар ин бора Шавкат Мирзиёев дар мақолаи худ дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор мешавад, изҳор доштааст.

«Яке аз далелҳои аслии ин амр буҳрони амиқи эътимод дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки дар навбати худ боиси бархӯрди геополитикӣ ва хатари эҳёи стереотипҳои тафаккури блокӣ мегардад. Ин раванд аз худ бегонагии муттақобил, бозгашти иқтисоди ҷаҳонӣ ба масири собиқи тавсеаву эҳёи занҷираҳои таъмини ҷаҳониро печида мекунад», – гуфт президент.

Дар мақола гуфта мешавад, ки даргириҳои мусаллаҳонаи давомдор дар манотиқи мухталифи ҷаҳон гардиши тиҷорат ва сармоягузориро ноором карда, мушкилоти таъмини амнияти ғизоӣ ва энержиро шадидтар мекунанд.

«Дар баробари ин, таконҳои ҷаҳонии иқлим, камшавии афзояндаи захираҳои табиӣ ва об, коҳиши навъҳои биологӣ, паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ осебпазирии ҷомеаи моро бештар аз пештара ошкор карданд. Онҳо ба нобудшавии неъматҳои мавҷудаи умумӣ оварда, ба асосҳои зиндагии мардум таҳдид мекунанд ва манбаи даромадро коҳиш медиҳанд”, – таъкид кард Ш. Мирзиёев, – “Дар ин шароит маълум аст, ҳеҷ кишваре наметавонад умед дошта бошад, ки аз ин хатароти ҷаҳонӣ канорагирӣ кунад, чолишҳо ва мушкилотро ба танҳоӣ ҳал кунад”.

Дар ҷаҳони ба ҳам алоқаманд, ки мо имрӯз дар он зиндагӣ дорем, танҳо як роҳи раҳоӣ аз гардиши хатарноки мушкилот вуҷуд дорад – муколамаи созанда ва ҳамкориҳои бисёрҷониба, ки дар асоси ба назар гирифтан ва эҳтиром кардани манфиатҳои ҳамагон асос ёфтааст. Маҳз дар лаҳзаҳои бӯҳронӣ кишварҳо – хоҳ азим, хоҳ миёна ё хурд  бояд манфиатҳои маҳдуди худро канор гузошта, ба чунин ҳамкориҳо тамаркуз кунанд, саъю кӯшиш ва имкониятҳои муштаракро барои муқобила бо таҳдиду чолишҳое, ки ба сулҳ, амният ва рушди устувори ҳар яки мо таъсир мерасонанд, муттаҳид ва афзун созанд.

Президенти Ӯзбекистон изҳор дошт, ки ҳамкориҳои байналмилалие, ки ба манфиати ҳама ва ба ҳар кас мувофиқ аст, бидуни ниҳодҳои бисёрҷониба имконнопазир аст. Бо вуҷуди камбудиҳои муайян, онҳо ҳамчун пешбарандаи муҳимтарини ҳамкории байнидавлатӣ – дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хизмат мекунанд. Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба кишварҳо дар рафъи ихтилофот ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, тавсеаи тиҷорат ва ҳавасмандгардонии табодули фарҳангӣ ва башардӯстона кӯмак мекунанд.

Маҳз ҳамин мақсад ва вазифаҳоро яке аз ҷавонтарин институтҳои бисёрҷониба – Созмони ҳамкориҳои Шанхай пеш мебарад. Дарвоқеъ, ин сохтори беназири байнидавлатист, ки тавонист кишварҳои дорои кодҳои мутафовити фарҳангӣ ва тамаддуни гуногун, дастурҳои сиёсати хориҷии худ ва моделҳои рушди миллиро муттаҳид созад. СҲШ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ роҳи дурро тай карда, ба унсури ҷудоинопазири назми ҷаҳонии сиёсиву иқтисодии модерни ҷаҳонӣ табдил ёфт.

 «Ҷумҳурии Ӯзбекистон рисолати масъулиятноки раисӣ дар Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда гирифта, ба стратегияи рушди босуръати Созмон такя намуда, уфуқҳои нави ҳамкорӣ ва ба кор андохтани захираҳои истифоданашудаи ҳар як узви онро дорад. Шиори мо “СҲШ қавист, агар ҳар яки мо тавоно бошем” аст. Онро дар амал татбиқ намуда, мо саъю кӯшиши ҷиддӣ ба харҷ додем, ки Созмонро аз дохил боз ҳам пурқувваттар ва аз берун барои шарикони байналмиллалиамон боз ҳам ҷолибтар гардонем», — қайд кардааст Мирзиёев дар мақолаи худ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *