Шайх Темур бо 20 ҳазор доллар ҳам афв нашуд
Наздикони Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”, ба мақомот шикоят карда гуфтаанд, ки дар талоши афви ӯ аз ҷониби фарде дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар фиреб хӯрдаанд.
Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиати наздикони Шайх Темурро тасдиқ карданд.
Онҳо гуфтанд, дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми «қаллобӣ» парванда боз шудааст. Шайх Темур соли 2015 барои тамаъҷӯӣ, бисёрзанӣ, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ишғоли худсаронаи замин ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.
Фаррух Раҷабов, додарзодаи “Шайх Темур” гуфтааст, ки аризаи онҳо аз болои Насимҷон Собирҷонов ба унвонии Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва додситонии ҳамин ноҳия пешниҳод шудааст ва онҳо умедворанд, ки мақомот дар пайдо кардани ин нафар ёрӣ хоҳанд кард. Фаррух Сатторов гуфт, зиндонӣ шудани рӯҳонии солхӯрда дар ҳодисаҳои ду соли пеш наздиконро шадидан нороҳат кардааст ва онҳо бисёр умедвор буданд, ки исми ӯ ба феҳристи афвшавандаҳо ворид мешавад.
Қонуни афви охир соли 2016 ба муносибати 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон қабул ва татбиқ шуд. Аз рӯи ин қонун 12 ҳазор нафар афв шуда, аз миёни онҳо 3000 нафар пурра озод ва дар ҳукмҳои дигарон сабукӣ ворид гардид.Вале, ба гуфтаи наздикон, дар қазияи “Шайх Темур” ҳеч тағйирот ворид нашуд ва ҳукми 16 соли зиндон бетағйир монд. Аз ин пеш хоҳиши “Шайх Темур” аз президенти Тоҷикистон ҳам барои раҳоиаш аз зиндон, ки августи соли 2015 ирсол шуда буд, беҷавоб монд. Дар фикри раҳоии Саидмаҳдихон Сатторов фарзандону наздикон мегӯянд, ки омода шуданд барои аз роҳи додани “пора” исми ӯро вориди феҳрасти афвшавандаҳо кунанд.Фаррух Раҷабов дар шарҳи аризаи худ гуфт, “дар як мулоқот нафаре бо исми Насимҷон Собирҷонов худро корманди Вазорати умури дохилӣ муаррифӣ кард. Мо ба ӯ бовар карда, розӣ шудем, ки 20 ҳазор долларо бидиҳем. Вале замони ваъдаи ӯ ба охир расиду Саидмаҳдихон Сатторов (Шайх Темур) раҳо нашуд.” Дар раёсати умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гуфтанд, ки Насимҷон Собирҷон феълан таҳти пайгард ё ҷустуҷӯ қарор гирифтааст.Ҳамсуҳбати мо гуфт, “вай телефони худро хомӯш кард. Мо натавонистем пайдо кунем. Нафари дигаре, ки ӯро ба мо ошно карда буд, ваъда дод, Собирҷоновро пайдо мекунад ва аз ӯ ҳам дараке нашуд. Баъд аз ин, мо ба милиса ва ба додситонӣ муроҷиат кардем. То ҳол интизорем, вале натиҷае ба даст наомадааст.”Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё чунин нафаре бо номи Насимҷон Собирҷонов дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад ё на ва иқдоми мақомот нисбат ба аризаи наздикони Шайх Темур чӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, қонунҳои Тоҷикистон додани ришва ба корманди сохтори давлатиро ҷиноят арзёбӣ мекунад.Шайх Темур ё Саидмаҳдихон Сатторов тобистони соли 2015 ба 16 соли низомаш сангин маҳкум шуд. Дар додгоҳ худи маҳкумшуда ба ҷуз ҷурми бисёрҳамсарӣ дигар ҳама иттиҳомотро рад карда гуфта буд, ки иттиҳомоти марбут ба монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, ишғоли худсаронаи замин ва тамаъҷӯӣ беасос буда, худро гунаҳкор намеҳисобад ва ин ҳама туҳмати бардурӯғи шоҳидон будааст.Он замон дар додгоҳ ҳамроҳ бо ӯ як муриди 39-солааш Фузайл Низомов низ бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 15,5 сол зиндонӣ шуд. Шикояти фарзандони Сатторов ба зинаҳои болоии додгоҳ натиҷа надод.Мавлудхон Салихов, вакили дифои хонаводаи Сатторовҳо дар сӯҳбат гуфтааст,ки вазъи сиҳҳатии Саидмаҳдихон Сатторов дар зиндон хуб буда, ӯ дар қатори зиндониёни дигар мӯҳлати ҳабсашро сипарӣ мекунад. Салихов гуфт, ки ӯ ба ҷуз ин ки мехост аз рӯи қонуни афв ба озодӣ барояд, ҳеҷ хоҳиши дигаре надорад. “Аз дохили зиндон ҳам ҳеҷ шикояте надорад”, — афзуд вакили дифоъ.Саидмаҳдихон Сатторов, сокини ноҳияи Турсунзода рӯзи 16 феврали соли 2015 дастгир шуда ва нахуст алайҳи ӯ бар асоси моддаи 250, яъне тамаъҷӯӣ, моддаҳои 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон), 243 (таҳқири ҷасади фавтидагон ва ё несту нобуд кардани гӯрҳо), моддаи 338 (ишғоли худсаронаи замин) айбнома эълон шуд. Дар як гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон Шайх Темур ба он айбдор мешуд, ки гӯё даъвои пайғамбарӣ мекард ва дар яке аз гӯристонҳои ноҳияи Ваҳдат чандин қабрро вайрон карда, барои падараш мақбараи бузургу боҳашамате сохтааст. Ӯ ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва тасарруфи замини як мактаб айбдор мешуд.Дар ин филми мустанад гуфта мешуд, ки Саидмаҳдихон Сатторов 7 зан дорад ва соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. Дар ин филм ровӣ мегӯяд: «Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро «Имом Маҳдӣ», пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ