«Шайх Темур шояд озод шавад» мегӯяд Салихов
Салихов, ҳимоятгари Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф баШайх Темур гуфтааст,ки бар асоси қонуни нави афв имкони ба озодӣ баромаданро дорад.
Салихов, ки дар мурофиаҳои судӣ аз ҳуқуқҳои Шайх Темур ҳимоят мекард, дар суҳбати худ гуфтааст,ки моддаҳое, ки бар пояи онҳо зерҳимояашро муҷрим шинохтанд, шомили қонуни афв мебошад: “Саидмаҳдихон Сатторов ба он ҷиноятҳое, ки тибқи ин қонун афв намешаванд, маҳкум нашудааст, яъне терроризму экстремизму ба мисли инҳо. Дуюм, дар қонун гуфта шудааст, ки он нисбати афроди аз 55-сола боло татбиқ мешавад”.
Суди олии Тоҷикистон 8 июл Саидмаҳдихон Сатторовро бо гуноҳи дузанагӣ, таҳқири ҷасади фавтидаҳо — несту нобуд кардани қабристон, тамаъҷӯӣ ва чанд ҷинояти дигар 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард. Аз ин муҳлат ӯ як солу 6 моҳро сипарӣ кардааст. Сатторов инчунин, дар ҳаҷми 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шуд. Қабл аз эълони ҳукм Сатторов дар сухани ниҳоияш аз додгоҳ хоста буд, ӯро сафед ва аз толори мурофиа озод кунад.
Номи Шайх Темур баъди он шинохта шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли 2015 филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод ва баъдан ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо ӯ сӯҳбате анҷом дод. Саидмаҳдихон Сатторов дар мардумфиребӣ муттаҳам мешуд. Баъдан, Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Прокуратураи генералӣ ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе мурофиаи судии ӯ оғоз шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ