Шеърҳои чопнашудаи Лоиқ

Устод Лоиқ Шералӣ, бидуни тардид, яке аз шоирони бузурги сад соли охири адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аст. Касе аз шоирони муосири тоҷик монанди эшон маъруфият ва маҳбубият надорад. Бинобар ин, таваҷҷуҳ ба шахсият ва шеъри ин шоири бузург дар Тоҷикистон ва ҷаҳони форсизабон зиёд аст. Далели таълифи даҳҳо китоб ва садҳо мақола оид ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир низ ҳамин аст.

Яке аз масъалаҳое, ки дар лоиқшиносӣ муҳим арзёбӣ мешавад, нашри комили осори шоир мебошад. Хушбахтона, аз соли 2001 ба ин ҷониб дар ин замина корҳои шоиста сурат гирифтанд. Ҷилди аввали “Куллиёт”-и Лоиқ, ки иборат аз ашъори шоир аст, дар ду китоб, дар шаҳри Хуҷанд чоп шуд. Баъдан, нашри дуюми он дар Теҳрон (1383) ба алифбои форсӣ анҷом ёфт. Нашри сеюми ин китоб дар як ҷилд соли 2008 аз тарафи нашриёти “Адиб” дастраси алоқамандон гардид.

Аммо алоқамандони осори Лоиқ хуб бохабаранд, ки мероси гаронбаҳои ӯ танҳо аз шеър иборат нест. Устод ҳамчунин тарҷумаҳои манзуму мансур, мақолаву гузоришҳо, тақризу мусоҳибаҳои фаровон ва арзишманде дар бораи адабиёт, забон, фарҳанг, таърих, мавзуҳои доғи рӯз, намояндагони ҷудогонаи илму адаб, асарҳои алоҳида ва ғайра дорад, ки мутаассифона, гирд оварда нашудаанд. Ҳамин аст, ки нашри “Куллиёт”-и шоир идома пайдо накард.

Илова бар ин, дар мавриди шеърҳои чопнашудаи устод Лоиқ низ ҳарфҳои зиёде ҳаст. Гӯё чандин дафтари ашъори шоир бо сабабҳои мухталиф ҳанӯз рӯйи чопро надидаанд. Табиист, ки атрофи номи ашхоси маъруф овозаҳо паҳн мешаванд. Овозаҳо дар мавриди “дафтарҳои шеъри Лоиқ” низ, чун овозаҳои “Девони Рӯдакӣ” усутурамонанд шудаанд. Вале, дақиқ аст, ки шеърҳои парокандаи шоир, ки шомили куллиёт нагардидаанд, дар дасти дӯстону пайвандон, дар ҳошияи китобҳо боқӣ мондаанд. Оҳиста-оҳиста пайдо ва нашр кардани ашъори парокандаи шоир ба манфиат хоҳад буд, зеро онҳо барои шинохти бештари устод Лоиқ мусоидат хоҳанд кард.

Банда ҳамчун ихлосманди устод Лоиқ мекӯшам, ки ба ҳар он чизе, ки дар бораи шахсият ва шеъри эшон нашр мешавад, дастрасӣ пайдо кунам, то ҷаҳони шоири маҳбубамро бештар кашф намоям. Ҳамин алоқамандӣ сабаб шуд, ки доир ба устод Лоиқ маводи зиёде гирд оварам.

Ба наздикӣ ба дастам як сабти нодир афтод. Ин сабт, ки аз архиви шодравон Муҳиддин Олимпур аст, аз як зиёфате мебошад, ки ба муносибати ташрифи сарояндаи номдори эронӣ Саттор ороста гардидааст. Замони сабт 14-уми январи соли 1995. Дар ин маҳфил устод Лоиқ, Саттор, Муҳиддин Олимпур, Содиқи Сабо (хабарнигори вақти бахши форсии ВВС), Заур Дахте, Ҳамза Камол ҳузур доранд. Саттор дар ин маҳфил яке аз ғазалҳои машҳури устод Лоиқро бо номи «Бо ҳамаи хандаи ноҷур дилам месӯзад» бадоҳатан мехонад. Бо хоҳиши Муҳиддин Олимпур устод Лоиқ низ чанд шеър қироат мекунанд, ки пасанди ҳамагон мешавад. Дилгармӣ ба шеъри устодро дарк карда, Олимпур аз устод хоҳиш мекунад: “Аз шеърҳои нав ва чопнашудаатон бихонед”. Устод Лоиқ чанд дубайтӣ мехонад. Аз миёни ин се дубайтӣ шомили “Куллиёт” нашуда, эҳтимол ҷое нашр нашудааст. Ин дубайтиҳоро дар рӯзи зодрӯзи устод пешкаши алоқмандони осораш мекунам:

Имшаб ки дар ин базм ҳама якҷоем,

Аз суҳбати ҳамдигар даме осоем.

Ҷамъияти ин базм ғанимат шумарем,

То боз кӣ донад, ки куҷо ҷамъ оем?

***

Донӣ, ки Худо чаро туро дода ду даст,

Донам, ки дар ин муъҷиза асроре ҳаст.

Як даст ба кори хештан пардозӣ,

Бо дасти дигар зи дигарон гирӣ даст!

***

Дар шаҳри шумо панира тар мефрӯшанд,

Золимдухтаро бӯса ба зар мефрӯшанд.

Дар хок равад муфлисию нодорӣ,

Ҳамсоя манам, ҷойи дигар мефрӯшанд.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *