Шеър дар бораи Президент шоирро ба додгоҳ бурд

Темирлан Ормуков — як сокини шаҳри Бишкеки Қирғизистон барои шеърҳояш дар бораи Алмосбек Отамбоев, Президенти ин кишвар ба прокуратура даъват шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Темирлан Ормуков баъди он ба додситонӣ даъват шуд, ки шеърҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Ба гуфтаи Ормуков, кормандони прокуратура гуфтаанд, дар шеърҳояш аломати барангехтани низоъи байниминтақавӣ ва таҳқири шаъну шарафи Президент ҷой дорад: “Муфаттишон гуфтанд, шеърҳои ман аз ташхиси филологӣ гузаронида шудаанд. Се нукта ташхис шудааст: оё дар ин шеърҳо паст задани шаъну шараф ва эътибори Президент, туҳмат, аломатҳои барангехтани низои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ вуҷуд дорад ё на”.

Аммо дар робита ба ин парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Ин нахустин маротиба аст, ки мақомоти қудратии Қирғизистон аз рӯи нашри шеърҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тафтишот мегузаронанд. Додситонии он кишвар гуфтааст, ҳафтаи оянда дар ин маврид маълумоти муффасал ироа мекунад.

Темирлан Ормуков дар шеъри “Қалби роҳбар ба дард омад”-аш, ки дар Фейсбук нашр кард, Алмосбек Отамбоевро танқид кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *