«Шерҳои нари тоҷик” аз муҳоҷирон пуштибонӣ мекунанд (Видео)

Дар Русия гурӯҳе бо номи «Шерҳои нари тоҷик” ташкил шудааст, ки ҳимояти муҳоҷирони тоҷик аз гурӯҳҳои ҷинояткореро, ки мардикоронро ғам медиҳанд ва аз онҳо пул талаб мекунанд, ҳадафи худ қарор додааст. Дар видеое, ки ба дасти «Ахбор” расид, «Шерҳои нари тоҷик” Зафар ном нафаре аз шаҳри Ваҳдатро, ки аз коргарони тоҷик пул меканд, дарси адаб меомӯзонанд.

Дар видеои якдақиқагие, ки рӯзи 10 декабр ба дасти сомонаи «Ахбор” расид, як ҷавон худро Зафар аз маҳаллаи назди комбинати орди шаҳри Ваҳдат муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, «Шерҳои нари тоҷик” ба вай фаҳмонданд, ки рафтораш хатост. Аз симои ин ҷавон дида мешавад, ки барои «фаҳмондан”-и хатогиҳояш ӯро латукӯб ҳам кардаанд.

Зафар дар ин навор эътироф мекунад, ки дар шаҳри Маскав ҳамроҳ бо гурӯҳи зодагони ҷумҳурии Кабардаву Балқари Русия аз бачаҳои тоҷике, ки дар сохтмон кор мекарданд, пул мегирифт:

«- Задам, пулҳояшонро кашидам, гирифтам. Шерҳои нари тоҷик фаҳмиданд, омаданд, ёфтанд, қапиданд маро ҳозир.

Барои пул омадам бигӯ…

Ба сари пул омадам, ки ёфтанду қапиданд маро шерҳои нари тоҷик. Дигар қапиданд, ҳамин хелам карданд, ман дигар бас кардам ҳамин хел кору борро. Шерҳои нари тоҷик фаҳмонданд ба ман. ИншоАллоҳ, хона меравам, аз паи зиндагӣ мешавам.”

Зафар дар идомаи навор мегӯяд, ки 5 сол боз ба Тоҷикистон нарафтааст ва аз аҳволи наздиконаш хабар надорад. Ӯ дар посух ба суоли пурсандае, ки симояш дида намешавад, мегӯяд, ки падараш ба суроғи вай ба Русия омада буд, вале гапи падарашро ҳам нагирифт.

Зафар ба «Шерҳои нари тоҷик” изҳори сипос ҳам мекунад: «Худованд умрашонро дароз кунад шерҳои нари тоҷикро. Ҳама вақт дар бари бачаҳои тоҷик бошанд ва мо барин одамони хатокардаро ҳамин хел биқапанд ва мисли ман одами айбдор камтар шавад.”

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, то 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо бисёр вақт шикоят мекунанд, ки нафақат аз ҷониби мақомоти интизомии Русия, балки аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ низ таҳти таъқиб қарор мегиранд. Гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳатто аз ин мардуми беҳуқуқ «ҳақ” талаб мекунанд ва муттаассифона, ба онҳо дар ин ҳақситонӣ бархе зодагони Тоҷикистон низ кумак мерасонанд.

Амали гурӯҳи «Шерҳои нари тоҷик” хилофи қонунгузории Русия аст, ки ҷазои худсаронаро манъ мекунад. Вале муҳоҷирон мегӯянд, муроҷиати расмӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар муқобили гурӯҳҳои рэкетир маъмулан натиҷае намедиҳад.

Бознашр аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *