Шералӣ Яҳёев: Кори журналист ҳеҷ гоҳ осон набуд!
Собиқадори матбуот Шералӣ Яҳёев, ки чанд рӯз қабл зодрӯзи 76-умини хешро таҷлил кард, маро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. “Меҳмон нохонда намешавад, махсусан шумо, ки аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба аёдати ман омадед. Як давраи беҳтарини умри ман бо ин нашрия пайванд аст”,- гуфт мизбон.
— Чӣ омил сабаб шуд, ки риштаи журналистикаро интихоб кардед?
— Аз аввал мехостам журналист шавам, вале падарам талқин карданд, ки пешаи агрономиро интихоб кунам. Чун фарзанди ягона будам, волидон намехостанд, ки аз онҳо дур шавам. Аз ҳамин сабаб ба идораи суди Кӯлоб ба кор даромада, ба мактаби олӣ нарафтам. Аммо нафароне пайдо шуданд, ки диплом надоштанамро ҳар лаҳза эрод мегирифтанд. Бинобар ин, ҳуҷҷатҳоямро гирифта ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин рафтам. Вақте дар навбати ҳуҷҷатсупорӣ будам, як нафар гуфт: «Барои чӣ мехоҳӣ ҳуқуқшинос шавӣ? Ду рӯз пас кумитаҳои ҳизбӣ аз байн мераванд ва дигар ин касб дар ягон ҷо ба кор намеравад. Беҳтараш ба факултаи навтаъсиси журналистика дохил шав. Он ҷо ҳам ҳуқуқшинос мешавӣ, ҳам муаллим ва ҳам агроном…”. Ҳамин тавр, сарнавишти ман ба журналистика пайваст ва ифтихор мекунам, ки тамоми умр аз пушти қалам нон мехӯрам.
Маълумотнома
Шералӣ Яҳёев 10-уми январи соли 1949 ба дунё омадааст. Солҳои 1993-2004 масъулияти сардабири рӯзномаи «Хатлон»-ро ба ӯҳда дошт. Ҳамзамон аз соли 1993 то соли 2006 раиси созмони ИЖТ дар вилояти Хатлон буд. Як муддат дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ фаъолият дошт.
Барои хизматҳояш бо ордени «Дӯстӣ» (соли 2000), нишонҳои Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (соли 1994) ва ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардидааст. Муаллифи 18 маҷмӯаи очерку мақолаҳои публитсистӣ ва ҳикояву латифаҳо мебошад.
— Шумо солиёни зиёд дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардед. Ин ба фаъолияти эҷодиатон чӣ таъсир гузошт?
— Дар тӯли фаъолияти кории худ дар вазифаҳои гуногун кор кардам, ки ҳар яке барои ман як мактаби таҷриба ва омӯзиш буд. Дар Кумитаи ҳизбӣ кор кардам, ки онҷо маҳорати ташкилотчигӣ ва раҳбариро омӯхтам. Баъдан, ҳамчун раиси Иттифоқи журналистони вилояти Хатлон фаъолият доштам, ки дар ин вазифа ман бо эҷодкорон ва журналистон зиёд сарукор доштам ва ин ба рушди тафаккури касбӣ ва эҷодии ман мусоидат кард. Ҳамчунин, муддате мудири шуъбаи назоративу ёвари шаҳрдори Душанбе фаъолият кардам, ки ин вазифа масъулияти бузург дошт ва ман талош мекардам, ки ҳамеша одилона ва бо масъулият амал намоям. Ҳашт сол бо Маҳмадсаид Убайдуллоев кор кардам. Ҳар вазифае, ки доштам, барои ман сабақи бузурге буд. Вале дар ҳар вазифае, ки кор кардам, кори журналистӣ барои банда дар аввал меистод.
— Оё журналист буданатон дар иҷрои вазифаҳои роҳбарӣ кумак мекард?
— Бале. Кор танҳо як баҳона аст. Муҳим дониш ва ақл мебошад. Ман намегӯям, ки ба дараҷаи олӣ босавод будам, ин таъриф мешавад. Вале метавонам гӯям, ки бесаводии бархеҳо ба ман кумак расонд, то дар ҳама ҷо мавқеи худро ёбам ва ҳифз намоям.
— Дар солҳои фаъолияти шумо журналистикаи тоҷик бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ буд?
— Пештар талабот ба матолиби таҳлилӣ ҷиддӣ буд. Рӯзноманигорон бо масъулияти баланд кор мекарданд. Кори журналистӣ дар муқоиса ба имрӯз хеле душвор буд. Чун техникаву технология рушд накарда буданд. Имрӯз ҳама васоили техникӣ дастрас аст, вале дастрасӣ ба иттилоот душвор аст. Ҳамчунин, омилҳои дигаре пайдо шудаанд, ки кори рӯзноманигорро душвор мекунанд… Дар умум, фаъолияти журналистӣ ҳеҷ гоҳ осон набуд.
— Ба фикри шумо, рӯзноманигори муосир бояд кадом хислатҳоро дошта бошад?
— Рӯзноманигор бояд донишманд, ҷасур, ҳақиқатҷӯ ва одил бошад.
— Барои журналистони ҷавон ва дӯстдорони ин касб чӣ маслиҳат медиҳед?
— Ҳамеша кӯшиш кунед, ки ростқавл бошед. Донишу маҳорати касбиатонро баланд бардоред. Маҳз касбият сипари асосии журналист аст. Кӯшиш кунед, ки матолиби омӯзанда ва созанда эҷод кунед. Ба касби худ содиқ бошед ва ҳаргиз аз ҳақиқат дур нашавед.
— Суоли охиринам бисёр сода аст: Аз зиндагии хеш розӣ ҳастед?
— Ин суоли сода нест, балки бисёр душвор аст. Вале ман аз зиндагии хеш розӣ ҳастам. Хушбахтам, ки бо кори худ ба ҷомеа хидмат кардам. Орзу дорам, ки журналистикаи тоҷик рушд кунад ва насли ҷавон ин касбро бо тамоми масъулият идома диҳанд. Дар зиндагӣ ҳама хушиҳоро дидам. Шукри Худо, 12 фарзанд дорам, соҳиби набераву абераҳо низ ҳастам. Дар ин рӯзҳо даврони пирӣ меронаму аз рӯзгор лаззат мебарам.
Мусоҳиб: Сумани УБАЙДУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ