Дӯсти яҳудиён Шералӣ Ниёзов даргузашт

Конгресси яҳудиёни бухороии  Россия ва кишварҳои ИДМ аз марги нобаҳангоми инсони шариф, намояндаи шоистаи миллати тоҷик, дӯсти басо бузург ва вафодори яҳудиёни бухороӣ Ниёзов Шералӣ Сафарович, ки дар синни 49- солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт, мутаассиранд.

Ниёзов Шералӣ дар хонаводаи одамони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падараш – собиқ вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Ниёзов Сафар Ниёзович ва модари меҳрубонаш, инсони хоксору самимӣ- Хурсандмоҳ ба дунё омада, бузург шудааст. Волидайни Шералӣ панҷ нафар фарзандони имрӯзҳо соҳибмаълумоту обрӯмандро ба воя расонда, ба зиндагӣ ҳидоят намудаанд: як духтари нозанин бо номи Муборак ва чор нафар писар – Нуралӣ, Шералӣ, Умаралӣ ва Ҳайдаралӣ. Се тан бародарони Шералии марҳум кору пешаи падари бузургвори худро идома медиҳанд, онҳо айни замон дар системаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа доранд.

Бародарон Ниёзовҳо ҳанӯз аз замони бачагӣ, даврони ҳамсинфӣ дар мактаби миёна бо яҳудиёни бухороӣ дӯстиву ошноӣ доштанд ва ин дӯстӣ то ба имрӯз таҳкиму густариш ёфтааст.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, марҳум Шералӣ Ниёзов дар масъалаи таъмини амнияту бехатарии хонаводаҳои  яҳудиёни бухороӣ ва баъдан барои иқомати доимӣ ба Исроил, ИМА ва дигар кишварҳои олам кӯчидани онҳо саҳми арзанда гузошта буд. Мо ҳама аз ӯ  миннатдору сипосгузорем.

Шералӣ Сафарович  ташаббускор ва иштирокчии фаъоли ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷой барои бинои Сенагоги яҳудиён дар Тоҷикистон буд. Дар натиҷа, дар ҳаёти яҳудиёни бухороии Тоҷикистон ҳодисаи басо таърихӣ ва фараҳбахш рух дод: муҳтарам Ҳасан Асадуллозода як ҳавлии муҳташам ва бузургро дар ихтиёри Ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ вогузошт. Шералӣ  Ниёзов низ дар ҷодаи ободонӣ ва бо мебелу техника ҷиҳозондани ин ҳавлӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ саҳми арзанда гузоштааст. Бо дастгирии марҳум ҳайатҳои яҳудиёни бухороии ИМА, Изроил, Австрия, Россия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон сафар намуда, дар сатҳи баланд мавриди истиқбол ва пазироӣ қарор гирифтанд. Бародарон Ниёзовҳо дар тамоми чорабиниву маросимҳо, хоҳ шодию хурсандӣ ва хоҳ ғаму андӯҳ, новобаста аз масофа ва замону вақт, кӯшиш мекарданд то фаъолона иштирок намоянд. Онҳо ин иқдоми худро то ба имрӯз идома медиҳанд, ба ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ ҳамаҷониба ёрии башардӯстона мерасонанд, дар ҳифзу нигоҳубини қабристони мо дар шаҳри Душанбе кумак мерасонанд, дӯстони яҳудиёни бухороиро дар сатҳи баланд, бо дасту дили кушода қабул ва гусел мекунанд, ки ин нишонаи барҷастаи садоқат ба дӯстӣ ва меҳмоннавозии баланди тоҷикона мебошад.

Мо, яҳудиёни бухороӣ, ки дар тамоми гӯшаву канораи дунё паҳну парешонем, ба дӯстӣ бо хонаводаи Ниёзовҳо арҷ мегузорем ва ифтихор дорем. Аз некӣ ва дастгириҳои беназири ин хонавода сипосгузорем ва аз марги нобаҳангоми дӯсти бузургамон Шералӣ Ниёзов сахт андӯҳмандем. Хотираи неку ӯ дар дилҳои мо абадзинда аст.

Конгресси яҳудиёни бухороии  Россия ва кишварҳои ИДМ ба наздикони марҳум Шералӣ Ниёзов изҳори ҳамдардии амиқ менамояд.

Якуб Левиев — президент, Игорь Мавлянов, Альберт Толмасов, Нисон Аронов, Марк Бегимов, Артур Гавриэлов, Михаил Алаев, Эдуард Алаев, Юрий Юсупов, Вячеслав Шаулов, С.Х. Кайков, С.Б. Кайков, И.Б. Кайков ва дигарон…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *