Шералӣ Ҷононов бо Муҳаммад Ашраф мулоқот кард.
28 марти соли 2018 Сафири Тоҷикистон Шералӣ Ҷононов бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои обӣ, профессор Муҳаммад Ашраф мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид ва шарикони дигар 20-22 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ташкил мешавад, муҳокима гардид
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ