Шербачаҳо соҳиби худро пора карданд
Ду шершербача, соҳиби худро, ки солҳои пеш онҳоро наҷот дода буд, куштанд. Ҳодиса дар Африқои Ҷанубӣ рух дод. Ҳангоми сайругашти пагоҳӣ, ҳайвонҳо ногаҳон ба Вест Мэттусони 68-сола ҳуҷум карданда, ӯро пора-пора намуданд. Занаш кӯшиш кард, ки мардро наҷот диҳад, аммо хеле дер шуда бад, менависад The Telegraph.
Ба гуфти зан, шербачаҳои 180 килограммӣ талош накардаанд соҳиби худро хӯранд. Онҳо танҳо мехостанд, ки бо ӯ «бозии бераҳмона» кунанд. Ба гуфтаи вай, сабаби марг пас аз ҷарроҳӣ маълум хоҳад шуд.
Инчунин маълум шуд, ки дар соли 2017 ҳамон шербачаҳо ба марди дигаре ҳамла карда, ӯро пора-пора кардаанд. Аммо, баъд Мэтьюсон изҳор дошт, ки онҳо гунаҳкор нестанд ва «бозии дӯстона» мекарданд.
Пас аз ҳамлаи марговар, шербачаҳоро беҳаракат карда, ба боғи ҳайвонот бурданд. Мақомот мехоҳад шербачаҳоро ба ҷангал, ба оғуши табиат раҳо кунанд. Мэтьюсон шерҳоро ҳангоми шикор аз марги яқин наҷот дода буд ва онҳоро худаш ба воя расонду дар фермааш нигоҳ медошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ