«Шери тоҷик» Джабу Шалуташвилиро боз ба нокаут фиристод
Шоми 1 октябри соли равон дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон мусобиқаи бокси касбие, ки ширкати «Тадж Промоушен»-и Шӯҳрат Неъматуллоев байни боксчиён Шералӣ Мамадалиев (Тоҷикистон) ва Джабу Шалуташвили (Гурҷистон) доир намуд, хеле шавқовар сурат гирифт. Дар он 7 ҷуфти боксчиён қувва озмуданд.
Мусобиқаи асосӣ байни Шералӣ Мамадалиев, ки бо лақаби «Шери тоҷик» машҳур аст ва Джабу Шалуташвили (дар вазни ниммиёнаи 66 кг) ба шумор мерафт. Боксчии гурҷ Джабу Шалуташвили пеши худ мақсад гузошта буд, ки барои бохти пешинааш аз «Шери тоҷик» қусур бигирад. Набарди ин дунафарони ҳариф бояд дар 12 раунд ҷараён мегирифт, аммо Шералӣ тавонист, ки дар раунди 6-ум Джабуро ба нокаут фиристад ва боз ғалаба ба даст орад.
Набардҳои ҷуфтҳои боксёрии дигар чунин анҷом ёфтанд: Меҳрубон Сангинов (Тоҷикистон) дар вазни то 76 кг Григори Кердикошвилиро аз Гурҷистон дар раунди аввал нокаути техникӣ карда, дастболо шуд.
Дар вазни аз 90 кг зиёд Усейн Аҷидҷемил (Душанбе) Рустам Азизовро аз шаҳри Қӯрғонтеппа мағлуб сохт. Доварон якдилона пирӯзии Бахтиёр Мирзомуҳаммадро бар Суннатулло Салиҳов дар вазни 76 кг эътироф намуданд.
Бад-ин минвол, дар вазни 58 кг Асрор Воҳидов дар раунди чорум Вайсиддин Сатторовро ба нокаути техникӣ фиристода, дар вазни 63 кг Шаҳбоз Шарипов Ёдгоралӣ Шораҳимовро мағлуб намуд. Байни бонувон дар вазни 50 кг Светлана Веглина Гуларӯс Шоеваро бо нокаути техникӣ дар раунди дуюм шикаст дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ