Шерозро ба марги Суханвар гунаҳгор медонанд

Шероз Ҳайдаров, афсари нерӯҳои марзбонӣ, ки дар дидбонгоҳи «Баҳорак»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ифои вазифа мекард, дар марги ҳамкораш майор Суханвар Олимиён муттаҳам шуд.

Олимиён рӯзи 4-уми январ дар амалиёти ҷустуҷӯи чӯпони рабудашудаи тоҷик дар наздикии марз бо Афғонистон аз паҳлӯи шикамаш тир хӯрд ва бар асари хунравии зиёд ҷон бохт. Он замон манобеъ гуфта буданд, ки маълум нест, тир аз куҷо ва чӣ гуна ба ӯ расидааст.

​Лейтенант Шероз Ҳайдаров он рӯз ҳамроҳи шаш нафари дигар дар паҳлӯи Суханвар Олимиён буд ва тири ӯ «нохост ба майори нерӯҳои марзбонӣ расидааст». Ҳоло нисбат ба Шероз Ҳайдаров бар асоси қисми дуи моддаи 387- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – «Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги ҷабрдида гардидааст» – парванда боз шуда, худи ӯ дар боздошт қарор дорад. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *