“Шифобахш” – маркази маърифату табобат

Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — “Шифобахш” бузургтарин муассисаи табобатӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Фаъолияти ин муассиса ба ташхис, муолиҷа ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба беморон равона шудааст.

Бузургтарин  муассисаи тиббӣ

Маркази “Шифобахш” дорои 8 бинои сеошёна, як бинои дуошёна, 4 бинои якошёна, қисми хоҷагидорӣ ва 61 шуъбаҳои гуногун мебошад. Аз инҳо 35 шуъбаи табобатӣ ва 26 шуъбаи ёрирасонанд.

Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — “Шифобахш”, ки қаблан бо номи “Қаряи Боло” маъруф буд, бузургтарин муассисаи тиббӣ мебошад. Зеро ҳамарӯза садҳо нафар ба ин муассисаи тиббӣ барои ташхису табобат муроҷиат мекунанд.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — “Шифобахш” ба як қатор комёбиҳо ноил гардидааст. “Шифобахш” пойгоҳи клиникии як қатор кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ буда, на танҳо дар бахши ташхису табобат ва пешгирии бемориҳо, балки дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраҳо дар самти таҳияи пешниҳоди ратсионализаторӣ, ихтирооти муфид низ корҳои муайяне ба анҷом расонидааст. Чанд соли охир дар марказ бисёр дастовард ва корҳои ратсионализаторӣ, ихтирооти муфид ба расмият дароварда шудаанд. Аз ҷумла, дар шуъбаи бемориҳои чашм усули нави табобати ҷарроҳии (фотокоагулятсия) дар беморони мубталои глаукомаи ҳадди дарднок барои нигоҳдории чашм ҳамчун протези зинда ба роҳ монда шуд. Дар шуъбаи ҷоғу рӯйи калонсолон амалиёти “артропластика — иваз намудани буғумҳои корношоями чаккаву ҷоғи поён бо эндопротезҳои никелиди титанӣ”, бартараф намудани ковокии устухон бо усули сабзонидани бофтаҳо, аугментатсия дар ҳолати харобшавии шохаҳои алвеолаярии ҷоғҳо ва ғайра ба роҳ монда шуд.

Ҷарроҳии нодир

Аз тарафи кишвари Швейтсария як микроскоп ва як адад С-дуга (ЭОП) ба марказ дастрас гардонида шудааст. Ба таври эндоскопӣ ҷарроҳӣ намудани гематомаҳои музмини майнаи сар дар марказ амалӣ гардида, якумин маротиба дар шароити шуъбаи ҷарроҳии асаби №1 бемориҳои ҷарроҳии неврологияи асаби сегона ва конфликти нейроваскуляри асаби рӯй ба роҳ монда шуд, ки дар соли 2021 ба 13 бемор чунин ҷарроҳиҳо гузаронида шуданд. Дар қисми гардани сутунмуҳра, кеҷҳои байнимуҳрагӣ ба 2 нафар бемор ҷарроҳӣ ва иваз кардани танаи муҳраи қисми гардани сутунмуҳра бо кейҷ ба 1 нафар бемор ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Дар маҷмуъ, ҳоло дар “Шифобахш”, ки махзани илму маърифати соҳаи тибу табобат мебошад, барои пешгирӣ ва табобати дилхоҳ беморӣ тамоми шароит муҳайёст.

Такимили ихтисос дар хориҷа

Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — “Шифобахш” ба баланд бардоштани савияи дониш, гузаштани такмили ихтисос, хусусан дар хориҷи кишвар гирифтани дараҷанокӣ аз рӯи ихтисос диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони марказ дар хориҷи кишвар шартномаи дутарафа бо Институти илмӣ — тадқиқотии ёрии таъҷилии ба номи Н. В. Склифосовскийи Раёсати тандурустии шаҳри Москва баста шудааст. Мутахассисони марказ марҳила ба марҳила барои такмил додани донишу малакаи худ ба институти мазкур сафарбар мешаванд. Наздики 30 мутахассис баъди аз такмили ихтисос гузаштан аз институти мазкур баргашта, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа донишу малакаи азхудкардаи худро дар амал татбиқ карда истодаанд. Аз ҷумла, Р. Наимов, мудири шуъбаи рентгени муассиса дар мавзӯи “Ташхиси компютери томографӣ дар ҳолатҳои таъҷилӣ”, хусусан дар ҳолати садамаи сутунмуҳра ва системаи такягоҳу ҳаракат, садамаи косахонаи сар, узвҳои паренхиматозӣ, аорта ва рагҳои магистралӣ дар институти болозикр донишу малакаи худро такмил дод.

Махзани илмӣ-таълимӣ

Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — “Шифобахш”-ро дар баробари маркази ташхису табобат, инчунин, махзани илмӣ-таълимӣ меноманд. Чунки бештари донишҷӯёни муассисаҳои олии тиббии кишвар таҷрибаи амалии худро ин ҷо мегиранд. Махсусан, “Шифобахш” муассисаи базавии таълимӣ барои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои тиббии кишвар мебошад.

Хотирнишон менамоем, ки дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — “Шифобахш” сол то сол сафи олимону пизишкон афзуда истодааст. Айни замон дар муассиса 2 нафар доктори илмҳои тиб ва 30 нафар номзади илми тиб фаъолият намуда истодаанд. Ҳамчунин, беш аз 60 нафар кормандони муассиса омодаи ҳимояи номзадии хеш мебошанд. Бояд гуфт, ки аз 653 нафар табибони дорои маълумоти касбии олӣ 248 нафар ё 38%-ро ҷавонон ташкил менамоянд.

Ҳайати кормандон

Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — “Шифобахш 2519  корманд фаъолият менамоянд. Аз онҳо 1519 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳангоми қабул ба кор, пеш аз ҳама дониш, таҷриба, муносибати хуб бо бемор ва дигар хислатҳои неки инсонӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба беморон, мо комиссияи доимӣ ташкил намудаем. Вазифаи он назорати доимӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигенӣ, истифодабарии протоколҳои килиникии соҳавӣ дар ташхису табобати беморон, истифодаи дурусти доруворӣ, пешгирии полилрагмазия мебошад. Натиҷаи санҷишҳо дар маҷлисҳои назоратии назди директори марказ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Пойгоҳи клиникии донишгоҳҳо

Дар маркази “Шифобахш” пойгоҳи клиникии чанде аз кафедраҳои макотиби олии тиббӣ мавҷуд аст. Нақши ин кафедраҳо дар ташхису табобат, пешгирии бемориҳо ва ихтироот муассир мебошад.

Аз ҷумла, дастовардҳо дар соҳаи ҷарроҳии калонсолон: ҷарроҳиҳои асаб, аневризми шараёнҳои майнаи асар, молфарматсияи артериовенози рагҳои майнаи сар аз ин қабиланд. Дар ҷарроҳии кӯдакона бо усули эндовидеоҷарроҳӣ гирифтани испурч дар кӯдакон, бартараф намудани сӯрохии сурхрӯда бо роҳи Нилсен ва монанди ин муваффақиятҳои кафедраҳои муассиса мебошанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба маркази “Шифобахш”  дастгоҳи муосири ташхис ворид гардидааст.

Озмоишгоҳ барои санҷиши омилҳои гемофилия

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ, дар ин самт пешрафту комёбиҳои зиёде ба мушоҳида мерасад. Бунёду навсозии беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар, ҳамчунин бо навтарин технологияи муосири тиббӣ таҷҳизонидани онҳо шаҳодати ин гуфтаҳост. Ҳамин гуна як падидаи мусбат, чанде қабл дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — «Шифобахш» ба вуқуъ пайваст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марказ озмоишгоҳ барои санҷиши омилҳои гемофилияи Ташкилоти ҷамъияти гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.  

Бояд гуфт, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат қарор дошта, зиёда аз 6 сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Мақсад аз таъсис додани ташкилот — ин ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имконияти баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда беморон бо «криопретсипитат» ва «плазма» ба таври ройгон таъмин мегарданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани озмоишгоҳ барои санҷиши омилҳои гемофилия дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — «Шифобахш» бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош бар он доранд, то ҷомеа солим бошад ва ҳама намуд бемориҳо сари вақт ва ба таври зарурӣ ба ташхису табобат фаро гирифта шаванд.

Хизматулло ШАМСЗОДА,

директори Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — “Шифобахш”,

вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *