Шифои сил вақт талаб мекунад (ВИДЕО,АУДИО)
«Реҷаи кӯтоҳмуддат» усули нави табобати бемориҳои сил дар кишвари мо мебошад, ки шахси бемор дар муддати нуҳ моҳ пурра муолиҷа мешавад ва барои атрофиён нафари бехавф боқӣ мемонад.
Ҷои пӯшида нест, ки беморони силдошта муддати ду сол табобати бетанаффус, яъне шаш моҳ дар бемористон ва баъдан дар шароити хона, таҳти назорати духтурон қарор доштанд. Шурӯъ аз моҳи декабри соли 2016 бо дастгирии барномаи USAID ва лоиҳаи KNSV дар Тоҷикистон реҷаи кӯтоҳмуддат ҷорӣ шуд, ки гирифторони ин беморӣ муддати нуҳ моҳ пурра шифо меёбанд ва барои атрофиён нафарони бехавф боқӣ меонанд.
Гулбаҳор Мирзошарипова,
аввалин беморест, ки баъди ба роҳ мондани усули нави табобат, ки «Реҷаи кӯтоҳмуддат» шифо ёфтааст. Ӯ пеш аз суҳбат минатдории худро ба лоиҳаи KNSV барои таъмини маводҳои доруворӣ тӯли нуҳ моҳ изҳор намуд. Номбурда қайд кард, ки 5 ноябри соли 2016 баъд аз ташхис маълум гашт, гирифтори бемории сил шудаам. Дар аввал бовар накарда бошам ҳам, як омиле вуҷуд дошт ва маро бовар кунонд, ки ташхисро дуруст гузоштаанд. Ин ҳам бошад, бемории сил доштани бародарам буд, ки соли 2013 гирифтор шуда буд.
Ба назди духтури оилавӣ омадаму тарзи табобатро фаҳмонид ва аз рӯи муолиҷаи МДА, яъне дароз муддат ба табобат оғоз кардам. Ҳамеша як чиз дар фиикрам буд. Оёметавонам то охиртабобатроидомадидамваҳаттоҳисоб карда будам, кидар муддати 24 моҳчанд дона дору мехӯрам.
Баъди ду моҳи табобат, реҷаи кӯтоҳмуддат ба Тоҷикистон ворид шуд ва аз якуми январи соли 2017 маро ба ин усули табобат дохил карданд ва 20 ноябри соли 2017 табобатро ба анҷом расонида шахси солим шудам.
Дар назди худ мақсад гузоштам, ки тавонам таҷрибаи муолиҷаи худро ба гирифторшудагон фаҳмонам ва исбот созам, ки бемории сил табобатшавандааст.Пеш аз ҳама бояд қайд намоям, ки шифо ёфтани мо таъмини маводҳои доругӣ аз тарафи ташкилоти марбута буд. Чунки на ҳар кас имкони 9 моҳ дору харидану хӯрдан дорад. Аз ҷумла агар шахсан ба ман маводҳои доругиро таъмин намекарданд,шароити иқтисодии ман намерасид, ки то охир муолиҷаамро давом диҳам. Ин дастгирииниҳоятбузург барои мо беморон ва аҳли оила онҳост.
Соҳиби дуфарзанд ва модари танҳо ҳастам. Бароям мушкил буд, ки аз фарзандонам ҷудо бошам, вале барои солимии онҳо ҳар тавсияе, ки медоданд, аз рӯи он амал мекардам.
Волонтёрҳо наҷотам доданд
Муродов В яке аз дигар собиқ бемороне мебошад, ки дар Федератсияи Русия ба бемории сил гирифтор шудааст. Дар суҳбаташ ин нуктаро қайд карда, илова намуд, ки бо дастгирии «Гурӯҳи дастгирии беморҳо» ки аз ҳисоб муҳоҷирони кории тоҷик ташкил карда шудааст, маро ба табобат гирифтанд ва шукри Худо имрӯз сиҳату саломат дар ноҳияи Фархор зиндагиамро идома дода истодаам.
Маро шавҳарам дастгирӣ намуд
А.М аз собиқ бемори сил мебошад, ки соҳиби оилаи хеш вафарзандон аст. Ӯ ягона роҳи шифо ёфтани беморонро дар дастгирии оилавӣ ва баъдан таъмини саривақтии маводҳои доругӣ медонад.Вақте кӯдаконам мехостанд, наздам биёянд, вале намегузоштаму аз онҳо дурӣ меҷӯстам. Бароям ин ҳолат сангин буд, вале ба хотири солим будани онҳо бояд чунин мекардам, қайд намуд дар ҳини суҳбат.
Дар нуҳ моҳ шифо ёфтам
Ф.А Замоне, ки донишҷӯ будам, ба бемории зуком гирифтор шудам. Зукомам сиҳат шуду сулфаам намонд. Баъд барои ташхис ба мутахассис муроҷиат кардам, ки ва ташхиси балғам мусбат баромад. Давоми суҳбат инҷост.
Алиҷон Солеҳов намоядаи лоиҳаи KNSV қайд кард, ки айни ҳол 80 бемор бо реҷаи кӯтоҳмуддат табобат гирифта истодаанд. Хушбахтона ягон нафарашон аз табобат даст накашидаанд. Умед дорем, ки онҳо низ ба гурӯҳи собиқон ворид шуда, шахси бехавф боқӣ мемонанд. Дар бар роҳ мондани ин лоиҳа саҳми Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе назаррас мебошад ва минадории хешро баён мекунам.
РаҷабзодаАслиддин, Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояаҳолӣ баъд аз бемории сил дар яке аз нишастҳо вобаста ба ин масъала чунин гуфт: Реҷаи кӯтоҳмуддат дар табобати беморони шакли мутобиқгаштаи сил имкони хуб фароҳам овард. Ин дастовари бузургест, ки бемор ба ҷои 24 моҳ нуҳ моҳ табобат гирифта, шахси солим ва барои атрофиён бехавф мемонанд. Аз ин лиҳозминатдориихудро ба шариконаз лоиҳаиKNSV, кидорувориҳороба кишваримоворид карда, дар солимииаҳолиимо саҳмибеандозагузоштаандумегузоранд, баён намоям.
Чуноне қайд карда шуд, ки соли 2016 ду ноҳияи пилотӣ, соли 2017 панҷ ноҳияи дигар илова шуд. Инчунин нақша дорем, ки дар соли ҷорӣ, яъне дар соли 2018 аз минтақаи Кӯлоб 18 ноҳия ва аз ноҳияҳои тобеи марказ ба ин барнома ворид карда шавад. Мувофиқи нақша дар соли 2019 боз 15 минтақаи вилояти Хатлон, 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд боқи монда 8 ноҳияи вилояти Бадахшонро бо дастгирии лоиҳаи таъбиркунандаи назди марказ ва баъдан тамом иҷумҳуриро фаро мегирем.
Тибқи маълумоти дар дастдошта дар солҳои 2016 ва 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 341 беморӣ, дар ноҳияҳои тобеи марказ 97, дар вилояти Хатлон 94 бемор дарёфт шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои пешгирикунанда дар ноҳияҳои пилотӣ дар се соли охир, яъне солҳои 2015-2016-2017, 523 бемори силдарёфт гардида, ба табобат гирифта шуданд.
USAID чӣ тадбирҳо андешид?
Ҳадафи барномаи татбиқнамудаи USAID вобаста ба бемории сил, коҳиш додани сатҳи беморӣ ва пешгирии бемайлони он бо маводҳои доруворӣ тобовар дар Тоҷикистон бо роҳи тақвияти стратегияи миллӣ, ташхис ва муолиҷаи дастрас, омӯзишгоҳҳои дорои технологияҳои муосир дар вилояти Суғд, Хатлон ва водии Рашт мебошад. Ин барнома ҳамасола кӯмак ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30 миллион долларро ташкил мекунад, ки тақрибан 30 дарсади маблағ ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад.
Насрулло Рамазонов,
мушовири барномаи USAID оид ба масъалаҳои кор бо ВАО ва ҷомеа чунин гуфт:
Сил табобатшаванда аст!
Тибқи моддаи 42-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи саломатии аҳолӣ» (1997) шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷувзон (лепра), ВНМО, таносулӣ ва дигар бемориҳои хавфнок вазифадоранд, ки бо талаби муассисаҳои тиббӣ муоина шаванд ва худро табобат кунанд. Агар шаҳрвандон аз муоина ва табобат саркашӣ намоянд, онҳо ба беморхона маҷбуран оварда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ ташхис ва табобат карда мешаванд.
Тадқиқотҳои соҳаи тандурустӣ нишон дод, ки бемории сил бо вуҷуди хавфнок ва сироятӣ буданаш табобатшаванда мебошад. Бори дигар қайд кардан ба маврид аст, ки беморӣ ирсӣ набуда, бо роҳҳи қатрагӣ ҳавоӣ сироят мекунад. Шахси гирифторшуда, аз гумшавии иштиҳо, арақи шабона, сулфаи зиёда аз ду ҳафта, лоғаршавӣ шикоят мекунад. Кӯшиш кунед, ки дар сурати пайдо гардидани яке аз ин нишонаҳо дар худ ё нафарони ббароятон шинос ба духутри оилавӣ муроҷиат намоед.
Маҳинаи Дввлат,
Махсус барои «tajikistantimes.com»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ