ШИФОКОР, РӮҲШИНОС, МУҲАҚҚИҚ ВА ИНСОНИ КОМИЛ
Моҳи августи соли 2012 устоди Донишгоҳи Стэнфорди ИМА Девид Шпигел дар конфронси байналмилалии тандурустӣ, ки дар шаҳри Лондон баргузор гардид, чунин гуфт: «Имрӯз замоне фаро расидааст, ки гипнозрро дар таҷрибаи тибби Британия ҷорӣ кунем. Гипноз оқибатҳои ногувор надошта, бемор баъди ҷарроҳӣ ба зудӣ саломатиашро барқарор мекунад».
Шояд профессор Бевид Шпигел намедонист, ки Саидҷон Нодирӣ ном духтури ҷавони тоҷик қариб 30 сол пеш бо усули гипноз (гипноанестезия) дар ҷарроҳӣ намудани Александр Степушини 70- сола саҳм гузошта буд.
Моҳи майи соли 1988 ба беморхонаи клиникии «Ёрии таъҷилӣ»- и шаҳри Душанбе пирамардеро дар ҳолати ниҳоят вазнин оварданд. Духтурон муайян карданд, ки дар роҳи пешоби бемор Александр Степушин санг пайдо шуда, боиси дарди ҷонкоҳ мегардад. Азбаски бемор хеле лоғару заиф гашта, қалбаш ду бор ба сакта (инфаркт) гирифтор шуда буд, қуввати бардошти наркоз ва дигар доруҳои таскиндиҳандаи дардро надошт. Чораи таъҷилие дидан лозим буд. Мутахассиси ҷавон Саидҷон Нодирӣ беморро дида пайхас намуд, ки бо сеҳри сухан (гипноз) метавон ҷарроҳӣ кард.
Сеансҳои санҷишии Нодирӣ собит намуданд, ки зимни бо сеҳри сухан бедард намудани ҷисми бемор набз ва фишори хуни ӯ тағйир намеёбад. Пас аз суҳбати тӯлонӣ мӯйсафед ба духтури ҷавон ихлос намуда, розӣ шуд, ки таҳти гипноз ӯро ҷарроҳӣ намуда, санги азиятдиҳандаро аз ҷисмаш берун созанд. Ризоият ва масъулияти тарафҳоро хаттӣ сабт намуданду ҷарроҳи собиқадор Яъқуб Исҳоқов бори аввал дар таҷрибаи кориаш бе наркозу воситаҳои мадҳушкунанда ба ҷарроҳӣ шурӯъ кард. Саидҷон ду соат беморро бо сеҳри сухан беҳуш гардонид. Яъқуб Исҳоқов аз бадани бемор санги масонаи доирашакли чоруним сантиметраро гирифт. Баъди ин ҷарроҳии мураккаб мӯйсафед сиҳат шуда ба по хест. Мувофиқи маълумоти собиқ Вазорати тандурустии ИҶШС (СССР) чунин ҷарроҳӣ бо гипноз ва бидуни наркоз дар қаламрави Шӯравӣ бори нахуст гузаронида шудааст.
Баъди нахустин ҷарроҳии бенаркоз руҳшиноси маъруфи Шӯравӣ Анатолий Кашпировский моҳи июли соли 1989 ба Саидҷон Нодирӣ гуфта буд: «Ин амалиёт хеле хавфнок буд ва шумо аз имтиҳони ниҳоят ҷиддӣ сарбаландона гузаштед. Шумо ояндаи бузург доред».
Он айём дар хусуси ин ҷасорати Саидҷон Нодирӣ бисёр рӯзномаҳои маъруфи шӯравию ҷумҳурӣ, аз қабили «Правда», «Медицинская газета», «Литературная газета», «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ҳақиқати ӯзбекистон» («Овози тоҷик»), «Адабиёт ва санъат» мақолаҳои ҷолиб навишта буданд. Равоншиноси ҷавонро борҳо аз ӯзбекистону Озарбойҷон ва Федератсияи Россия ба кор даъват намуданд, вале ҳар дафъа ӯ ҷавоб медод, ки обу хоки Ватан барояш азиз буда, дар Тоҷикистон буданаш беҳтар аст.
Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ яке аз асосгузорони библиотерапия (табобат тавассути нома) дар мамлакат аст. ӯ аз соли 2002 то ин дам дар нашрияҳои «Муҳаббат ва оила», «Ёрии таъҷилӣ», «Чархи гардун», «Оила» ва маҷаллаи «Даво» ба саволҳои корафтодагони зиёде ҷавоб гардонида, ба дардашон сабукӣ бахшидааст. Библиотерапия як шохаи психотерапия (равоншифоӣ) буда, бо беморе, ки бо сабабе (аз ҷойи дур) назди табиб омада наметавонад, гузаронида мешавад. Табиб ба мактуби бемор тавассути нашрия ё ба воситаи нома посух мегардонад.
— Вақте як бемор аз тавсияи додаи ман шифо ёфта, аз дарди солҳо азиятдиҳанда халос мешавад ва ӯву наздиконаш изҳори сипос мекунанд, бароям баҳои бузург аст. Шукр мекунам, ки беҳуда ба дунё наомадаам,- мегуяд Саидҷон Нодирӣ.
Саидҷон Нодирӣ дастпарвари Донишкадаи тиббии Тоҷикистон (ҳоло ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, аз олимону устодони маъруф мисли Ю. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, А. Пӯлодов, З.Раҳимов, П. Зоиров, К. Тоҷиев, Ҷ. Камариддинов, А. Исомиддинов ва дигарон донишу таҷриба омӯхтааст. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ ӯ орзуи пурра фаро гирифтани се зинаи тибро, ки Абӯалӣ ибни Сино барои табибони ҳозиқ муайян карда буд, дар дил мепарварид. Ин се зина аз «сухан» (гипноз), «гиёҳ» (рустаниҳои шифобахш» ва теғ (корди ҷарроҳӣ) иборат буд. Саидҷон ба шарофати иродаи мустаҳкам ва шавқу рағбате, ки нисбат ба илми тиб дошт. ҳар се зинаро фатҳ кард. ӯ донишу малакаи худро тадриҷан такмил дода, ба воситаи сӯзандармонӣ (иглотерапия), масҳи нуқтавӣ, гипноз, мусиқитерапия ва гиёҳдармонӣ бемориҳои зиёде, аз қабили дарди сар, фишори баланди хун, дарди сахти дандон, бехобӣ, заъфи боҳ, астма, безурётӣ, простатит ва ғайраро табобат намудааст. Бисёриҳо дар кӯчаю хиёбон бо ӯ гарм вохӯрӣ карда, изҳори сипос менамоянд, ки замоне ба дардашон сабукӣ бахшидааст. Ба дили мардум тавассути некӣ роҳ ёфтану боварию ихлоси онҳоро сазовор шудан бахти бузургест.
Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Беҳтарин шахс касест, ки ба мардум нафърасон бошад». Ин ҳадисро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чунин ба риштаи назм давровардааст:
Эй, ки мепурсӣ «беҳтарин кас кист?»
Гӯям аз қавли Беҳтарини касон.
Беҳтарин кас касе бувад зи халқ,
Беш бошад ба халқ нафърасон.
Саидҷон Нодирӣ муаллифи 14 китоб ва беш аз 300 мақолаҳои илмӣ- оммавӣ буда, китобҳояш бо ҳаммуаллифии профессор Юсуф Нуралиев дар Федератсияи Россия, Булғория ва Эрон чоп шудаанд. Яке аз мӯътабарин нашриёти Россия «Весь» китоби «110 дорухати ибни Сино»- ро ба забони русӣ солҳои 1999 — 2000 ва 2002 аз чоп баровард. Китоби мазкур бо тарҷумаи булғорӣ дар Булғория низ ба табъ расид. Китоби «Гиёҳдармонии санги гурда»- ро нашриёти «Гулбарг»- и Эрон 7 маротиба чоп кард. Ин китобро нашриёти «Маориф»- и ҷумҳурӣ низ ба забони русӣ ба табъ расондааст.
Дар мамолики пешрафта равоншиносон яке аз серталаботтарин кормандони соҳаи тиб ба шумор мераванд. Варзишгарони машҳур, мансабдорон ва соҳибкорони муваффақ (миллионеру миллиардерҳо) равоншиноси махсуси худро доранд, ки аз маслиҳати ӯ доимо баҳравар мешаванд. Чиптаи вуруд ба сеансҳои табобатии равоншиноси машҳур Анатолий Кашпировский дар Федератсияи Россия муодили 35 евро ва дар мамолики Иттиҳоди Аврупо 70 евро меистад.
Соли 2008 дар шифохонаи «Паёмбарон»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути гипноз ду зани ҳомиларо чоки қайсарӣ (кесарево сечения) гузарониданд. Ҳоло дар бисёр кишварҳо бо гипноз дандони маризро мекананду ҷарроҳиҳои дандонро бе истифодаи доруҳои мадҳушкунанда мегузаронанд. Хуб мешуд, ки бо истифода аз донишу малакаи Саидҷон Нодирӣ барин равоншиносони собиқадор истифода бурда мактаби равоншиносони ҷавонро дар ҷумҳурӣ таъсис диҳем. Ҳанӯз соли 1958 Ассотсиатсияи тиббии Амрико гипнозро ҳамчун воситаи боэътимоду бехатари соҳаи тандурустӣ эътироф карда буд.
— Тавассути гипноз бисёр намудҳои аллергия, астма, импотенсия, бехобӣ, дарди сар, гипертония, фалаҷ ва ғайраро дармон бахшидан мумкин аст,- мегӯяд Саидҷон Нодирӣ – Бо таъсири сеҳри сухан метавон андешаи худкуширо аз сари садҳо нафар нашъамандону гирифторони депрессия (афсурдаҳолӣ) дур партофта, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм кард.
Ҳоло Саидҷон Нодирӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат утоқи равоншиносӣ дорад. ӯ ба хурду калони ин мактаби олӣ муносибати ғамхоронаву мушфиқона дошта, маслиҳатҳои муфидашро аз омӯзгорону донишҷӯён дареғ намедорад.
— Тавсияҳои равонии Саидҷон Нодирӣ барои боз ҳам баландтар бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат мекунанд,- мегӯяд ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор Диловар Қодирзода – Ба ҳамагон маълум аст, ки беморӣ фақат марбут ба ҷисм нест. Бархе гирифтори рӯҳу равон ва асабонияту афсурдаҳолӣ низ ҳастанд. Саидҷон ба ҳайси ҳакими мумтоз бемориҳои ин гуна ашхосро саривақт муайян карда, онҳоро бо оянда хушбин месозад. Чунин шифокори ҳозиқ, рӯҳшиноси мумтоз, муҳаққиқи варзида ва инсони комил ҳамкорӣ мост.
Саидҷон Нодирӣ соли 2015 аз рӯи меҳру ихлоси бепоёнаш нисбати Пири ҳакимони Машриқзамин аз номи Абӯалӣ ибни Сино ҳаҷҷи умра кард. Ин иқдоми хайр як навъ хизмати шогирдона ба заҳматҳои Шайхурраис ибни Сино аст, ки бо осори гаронбаҳои илмиаш шуҳрати миллати тоҷикро баз ҳам баландтар бардошта буд.
— Аксари бемориҳо аз надоштани маърифати тиббӣ, риоя накардани тарзи ҳаёти солим, камҳаракатӣ, тарс, ғам, афсурдаҳолӣ, захми забон, андешаи вайрон сар мезанад, — мегӯяд Саидҷон Нодирӣ.
Илоҷи раҳоӣ аз ин мушкилот рӯ овардан ба мутолиа, гӯш додан ба гуфтаи олимон, интихоби тарзи ҳаёти солим ва худталқинкунӣ мебошад. Дилро аз ҳасаду кина, бадхоҳию душманӣ пок дошта, ба ҷои он хайрхоҳию меҳрубонӣ ва муҳаббатро парвариш бояд кард.
Табиби ҳозиқ ва муҳаққиқи варзида Саидҷон Нодирӣ 26 май 60- сола мешавад. Аз номи ихлосмандони сершумор Шасти камолотро ба ин равоншиноси мумтоз муборакбод гуфта, ба ӯ тани сиҳату умри дароз ва дар корҳои илмиаш комёбиҳо таманно мекунем.
Сайфиддин СУННАТӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ