Шикастани тухм дар сари хонанда дар мактаб сурат гирифтааст
Навори дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳнгардида, ки дар он ҳолати таҳқиромези дар сари як нафар духтар — хонандаи мактаб шикастани тухм аз ҷониби писарон инъикос гардидааст, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди таҳқиқу баррасӣ ва чораандешӣ қарор дода шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷа муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 20-уми декбари соли ҷорӣ дар дохили яке аз синфхонаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе содир гардида, шахсияти иштирокчиёни навор муайян ва бо ҳамроҳии масъулини муассисаи номбурда ҳамзамон волидайни хонандагон ба мақомоти милитсия дастрас карда шудаанд.
Дар доираи санҷиш муайян карда шудааст, ки 4 нафар писарон — хонандагони синфи 11 «А»-и МТМУ №55 аз назди муассиса тухм харидорӣ намуда, бо мақсади ба таври «шӯхиомез» табрик намудани зодрӯзи ҳамсинфашон тухмҳоро ба сари духтар зада шикастаанд.
— Бо назардошти он, ки содиркунандагони ин кирдори ғайриахлоқӣ ноболиғон ҳастанд, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз нашри ному насаб ва расми онҳо худдорӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати риояи одобу ахлоқ, талаботи оинномаву низомномаи муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии муассиса ва минбаъд содир накардани ҳодисаҳои ба ин ҳаммонанд бо хонандагон суҳбату чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида шуд. Илова бар ин, барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати волидайни хонандагони муассиса тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ