Шикасти аввалини «Истиқлол» дар мавсими нав
Дар Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ «Истиқлол»-и Душанбе, ки бо далели ширкат дар Лигаи чемпионҳои Осиё бозиҳояш мавқуф монда шуда буданд, ҳам бозии даври навбатӣ ва ҳам бозии даври аввалро дар ҳафтаи гузашта баргузор кард.
Дар бозии мавқуфмондаи даври якум “Истиқлол” аз КМВА бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуд. Голро Хуршед Абдуллоев дар дақиқаи 79-ум зад. Ин аввалин бохти “Истиқлол” дар чемпионати имсола мебошад. Дар бозии охирини даври сездаҳум “Истиқлол” бар “Хатлон” бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Голи ягонаро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 29-ум зад. КМВА дар ҳамин давр бо “Истаравшан” мусовӣ (1:1) бозӣ кард. Дар охири нимаи якуми бозӣ футболбози артиш Вайсиддин Сафаров ҳисобро кушод. Ба голи задаи ў истаравшаниҳо дар дақиқаи 57-ум ҷавоб доданд, ки онро Амирҷон Сафаров ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигар дастаи “Регар-ТадАЗ” аз “Файзканд” бо ҳисоби 0:1 шикаст хўрд. Голи ягонаро Жозеф Феумба ба номаш сабт кард. “Файзканд”-и Восеъ пас аз ин пирўзӣ бо 21 имтиёз ба ҷойи аввали ҷадвали чемпионат баромад.
“Равшан”-и Зафаробод дар бозии хонагӣ ба дарвозаи “Эсхата” ду голи беҷавоб зад. Ҳисобро Парвизҷон Деҳқонов дар дақиқаи 66 кушод, ҳамдастааш Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 88 ҳисобро афзуд.
“Равшан”-и Кўлоб дар майдони худ аз “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардид. Дар ҳайати “Хуҷанд” голҳоро Сергей Сканян, Ҷаҳонгир Эргашев ва Тоҳир Малодўстов заданд. Ду голи дастаи мизбонро Ромиш Ҷалилов ва Абдухалил Боронов ба номашон навиштанд.
Бозиҳои даври навбатӣ рўзҳои 2, 3 ва 4-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар даври 14-ум 2-юми сентябр “Эсхата” бо “Регар-ТадАЗ”, 3-юми сентябр “Истаравшан” бо “Равшан”-и Зафаробод, “Равшан”-и Кўлоб бо КМВА ва 4-уми сентябр “Хуҷанд” бо “Хатлон”, “Файзканд” бо “Истиқлол” вомехўранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ