Шикасти Шимол аз дасти Толибон?
Дар шимоли Афғонистон иттифоқе ба вуқӯъ пайваст, ки касе пешбиниашро намекард. Тайи як моҳ, бахусус даҳ рӯзи ахир даҳҳо вулусволӣ ба дасти Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия) афтоданд. Ҳукумат бо кӯмаки хезишҳои мардумӣ фақат аз суқути шаҳрҳои бузург ҷилавгирӣ кард
То ин лаҳза, ки ин гузориш навишта мешавад, тамоми 14 вулусволии Форёб, 10 вулусволии Кундуз, 11 вулусволии Ҷузҷон (ба истиснои Хоҷа Дукӯҳ, зодгоҳи Абдурашид Дӯстум) суқут карда, Толибон дар дарвозаҳои шаҳрҳои Маймана, Кундуз ва Шибирғон, марокизи ин вилоёт бо нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ дар ҳоли ҷанганд.
Ҳамчунин аз 17 чаҳор вулусволии вилояти Тахор (Рустоқ, Варсач, Калафгон, Фархор) ва аз 15 шаш вулусволии вилояти Балх ба дасти Толибон гузаштаанд. Ҷангҳои шадид ҳоло дар атрофи Толиқон, маркази Тахор ҷараён дорад.
Атоуллоҳ Убайдӣ, мудири кулли ширкати радиотелевизионии “Ойхонум”-и вилояти Тахор, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳалқаи атрофи шаҳр танг, заминаҳои суқуташ фароҳам шудааст.
“Фармондеҳони маҳаллӣ аз танзимҳои сиёсию низомӣ мардумро басиҷ карда, дар канори нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифтаанд ва бо Толибон (мамнӯъ дар Русия) вориди ҷанг шуда, онҳоро аз дарвозаҳои шаҳр қафо ронданд. Аммо вазъ ҳамоно вахим боқӣ мемонад ва дар ҳоли нарасидани кӯмаки низомӣ эҳтимол дорад шаҳр суқут кунад”, – гуфт Атоуллоҳ Убайдӣ.
Дар қиёс бо вилоятҳои фавқуззикр нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ Толибон (мамнӯъ дар Русия)-ро аз дарвозаҳои шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, то марзи вулусволиҳо ақиб заданд.
Ҳоҷӣ Шафеъ, яке аз фармондеҳони хезишҳои мардумии Балх, гуфт, дар ҳоли ҳозир атрофи Мазори Шариф пурра таҳти назорати ҳукумат ва нерӯҳои мардумӣ аст.
“Ҷангиёни муҷоҳидини танзимҳои Ҷамъияти исломӣ, Ҳаракати исломӣ ва Ҳизби ваҳдати исломӣ ба нерӯҳои ҳукуматӣ пайвастанд ва Толибонро то ба вулусволиҳои Чимтолу Деҳдодӣ ақиб заданд. Раҳбарони мо агар тасмим гиранд, вулусволиҳоро низ тасфия хоҳем кард”, – гуфт Ҳоҷӣ Шафеъ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, аксари вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистону Туркманистон, ба шумули Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷа Ғор (вилояти Тахор), Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Зол (Қундуз), Шӯртеппаву Калдор (Балх), Хумобу Қарқин (Ҷузҷон), Давлатобод, Қарамқул, Алмор ва Ширин Тагоб (Форёб), Боло Мурғоб ва Ғурмоч (Бодғис) – ро Толибон суқут додаанд.
Гузаргоҳи стратегии Хайратон миёни Афғонистону Ӯзбекистон ҳамеша дар маърази хатар аст. Масири он комилан ноамн шудааст. Аммо ду гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон – “Шерхон Бандар” дар Кундуз ва “Кокул” дар Тахор ба дасти Толибон афтоданд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки 134 сарбозу афсари ҳукумати Афғонистон дар пайи фишори Толибон аз вилояти Кундуз ба марзи Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
Таслимиҳои мармуз
Суоле, ки ҳоло халқ шудааст, ин аст: чаро ба якборагӣ тайи як моҳ, бахусус даҳ рӯзи ахир ба таври гиҷкунандаву розомез вулусволиҳо дар вилоятҳои шимоли Афғонистон дум ба дум суқут карданд?
Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, далели ба якборагӣ аз даст рафтани вулусволиҳо ақибнишинии ғайримунтазираи нерӯҳои давлатӣ аст. Ин неруҳо вақте ба муҳосира афтоданд, аз сӯи ҳукумат дастгирӣ наёфтанд, аз ин хотир, гурӯҳ – гурӯҳ кушта ё силоҳу муҳимот, ҳатто пойгоҳҳоро бидуни муқовимат супорида, таслим шуданд ва ё рӯ ба фирор оварданд.
Ҳикматуллоҳ Умарӣ, фарзанди Мулло Умар, фармондеҳи муҷоҳидини Хоҷа Ғор, вулусволии ҳаммарз бо Тоҷикистон, мегӯяд, толибҳо аз солҳои пеш дар ин минтақа ҳузур доштанд, аммо ду рӯзи пеш якбора марказ ва тамоми вулусволиро забт карданд.
“Мо ҳар сол аз ҳукумат тақозо мекардем, ки амалиёт кунад ва Толибонро аз минтақа ронад. На ин ки наронданд, балки моро иҷоза надоданд, ки алайҳи онҳо амалиёт кунем. Ин буд, ки Толибон қавӣ шуданд ва кор расид ба забти Хоҷа Ғор, ҳатто дигар вулсволиҳои атроф”, – гуфт Ҳикматуллоҳ Умарӣ.
Форуқ Уруҷ, фармондеҳи горди Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, гуфт, мардум ба ин бовар буданд, ки нерӯҳои амниятӣ ҷилави Толибонро мегиранд, аммо муҳосибаи онҳо дуруст набаромад.
“Як парокандагӣ ва саросемагии нерӯҳои амниятӣ сабаб шуд, ки рӯзи гузашта мо ғофилгир шавем ва душман ба дарвозаи ғарбии шаҳри Мазори Шариф расад. Мо аз раҳбари худ фармон гирифтем, ки ба нерӯҳои амниятӣ кӯмак кунем. Ҷанги зиёд ҳам нашуд. Толибон (мамнӯъ дар Русия) бо кушта додани даҳҳо нафар рӯ ба фирор оварданд”, – гуфт Форуқ Уруҷ.
“Каме мушкил”
Волиён ва фармондеҳони амнияи вилоятҳо зоҳиран худ дуруст дарк накардаанд, ки воқеан чӣ иттифоқ афтодааст. Онҳо дар таърифи вазъ ҳарфҳои калишаӣ мезананд. Аз ҷумла, Муҳаммад Ҳошим, волии вилояти Ҷузҷон, ки ҷуз марказаш шаҳри Шибирғон ва як вулусволӣ дигар ҳамаро Толибон (мамнӯъ дар Русия) забт кардаанд, мегӯяд, вазъ дар кулл хуб таҳти контроли ҳукумат аст.
“Шаҳри Шибирғону атрофаш таҳти назорати моянд, магар каме мушкил дар вулусволиҳо дорем, ки ислоҳ хоҳад шуд”, – гуфт Муҳаммад Ҳошим.
Ба ҳамин мазмун, Ғайбуллоҳ Содот, фармондеҳи пулиси вилояти Форёб, ки низ ба ҷуз марказаш Маймана дар дигар вулусволиҳо ҳукумат надорад, мегӯяд, иҷоза нахоҳанд дод вилоят ба пуррагӣ суқут кунад.
“Ҳоло тамоми мардум ба по хеста, дар канори нерӯҳои ҳукуматӣ меҷанганд. Ба ҳамин қарибӣ кори Толибонро тамом хоҳем кард”, – гуфт ӯ.
Волиён ва фармондеҳони ҷангии ҳукумати Афғонистон хуб мефаҳманд, ки гап фақат бар сари як ё ду вилоят нест, балки тамоми шимоли Афғонистон аст. Ба қавле, “хурӯс дар ҳама ҷо як хел садо мезанад” ва бидуни як барномаи куллӣ дар сатҳи ҳукумат намешавад вазъи умумиро тағйир дод.
Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и “Шоҳин” –и нерӯҳои коммандоси вазорати дифоъи Афғонистон, ки масъулияти асосии ҷанг дар 5 вилояти Шимол – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро ба зимма дорад, гуфт, ақибнишиниҳои ахир тактикӣ буданд.
“Дар ин бора ки кай як амалиёти густарда роҳандозӣ хоҳад шуд, наметавонам бигӯям, аммо ҳатман бистари Толибон (мамнӯъ дар Русия) чида хоҳад шуд. Мо бо кӯмаки мардум онҳоро ором нахоҳем гузошт ва вулусволиҳоро озод хоҳем кард”, – гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.
Муомилаи пинҳон
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи пулиси яке аз вилоятҳои фавқуззикр, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, нерӯҳои амниятӣ қудрати кофиеро дар даст доштанд, то Толибонро нигоҳ доранд, аммо ҷо – ҷо бархе фармондеҳон бар ивази пул ё наздикии қавмӣ бо Толибон (мамнӯъ дар Русия) аз саҳна фирор карданд.
“Гапҳои дигар ҳам ҳаст, ки иҷоза диҳед, нагӯям. Фармон, ки шуд, сарбоз иҷро мекунад. Толибон (мамнӯъ дар Русия) ҳам як ҷанги равониро пеш гирифтанд. Онҳо қабл аз таарруз бо баландгӯҳо эълон мекарданд, ки агар сарбозон таслим шаванд, онҳоро раҳо мекунанд. Сарбоз, ки ангеза надошта бошад, аз тарафи давлат кӯмак нашавад, бояд интихоб кунад, ки бимирад ё таслим шавад”, – гуфт ӯ.
Ҳамзамон огаҳони ҳол аз як муомилаи пинҳоне миёни ҳукумати Афғонистону Амрико ва Толибон (мамнӯъ дар Русия) суҳбат мекунанд, ки бино ба он, бояд 15 вилоят ё 70 вулусволӣ дар ихтиёри Толибон қарор дода шавад.
Аммо суол ин ҷост, ки чаро Толибони умдатан паштун бояд маҳз Шимол – манотиқи ғайрипаштунро соҳиб шаванд? Шимоле, ки дар он Толибон аз пуштибонии мардумӣ маҳруманд ва ақидаашро аслан қабул надоранд. Дидаву дониста Толибонро ба коми марг андохтани пуштибонони онҳо ба хотири чист?
“Зоҳиран, ҳадаф шикастани камари аҳзоби муассири зиддитолиб – Ҷамъияти исломии тоҷикон ва Ҷунбиши миллии ӯзбекҳо аст, ки намегузоранд тарҳҳои қудратҳо дар кишвар амалӣ шаванд. Ҳукумати Кобул дар ин тарҳ ҳамдаст аст ва маҳз бо фармони он нерӯҳои ҳукуматӣ бидуни муқовимат вулусволиҳо, ҳатто пойгоҳҳои низомиро бо силоҳу таҷҳизот ва танку тӯпҳо таслими Толибон карданд”, – гуфт Улуғбек Раҳимӣ, як коршиноси маҳаллӣ аз Мазори Шариф.
Аммо дар баробари таҳаввулот ва фоҷиаҳои инсоние, ки дар Шимоли Афғонистон мегузарад, як сукути мармузи ҳукумати Афғонистон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳам суолангез аст. Бино ба иттилои расмӣ, дар ин ҷангҳо 120 ҳазор мулкӣ аз ҷо беҷо шуда, ба артиши 2,5 – миллионнафараи беҷошудагони дохилии ҷангҳои солҳои ахир пайвастаанд. Куштору сарбуриии одамону ҳайвонот, ба оташ кашидани хонаҳои мардум, сухтани мазрааву боғот ва дигар ҷиноятҳои ҷангӣ дили касеро намеҷунбонад.
Инчунин, иттилооте, ки ин ҷангҳоро генералҳои кишварҳои ҳамсоя раҳбарӣ мекунанд ва ҳатто яке ҳам дар Форёб кушта шудааст, интиқоли ҷангиёни толиб аз хориҷ тариқи чархболҳои низомӣ, ҳузури террористони хориҷӣ, ки бинои як вулусволиро дар Ҷузҷон ба оташ кашиданд, касеро ба ҳайрат намеорад, Бахусус раҳбарони Афғонистон чунон сукути маргбор ихтиёр кардаанд, ки ба истилоҳи яке аз ҳамсуҳбатони мо, ангор гунгу безабон шудаанд.
Як майдони дигар
Саҳнаи Шимол эҳтимолан ба ҷуз аз ҷанг бо Толибон (мамнӯъ дар Русия), шоҳиди як набард, дурусттараш, як сабқати дигари шахсиятҳои боризи Афғонистон хоҳад буд. Ин ҷангҳои таърихӣ афроди алоҳидаро дар майдони сиёсати ин кишвар барҷаста ё хурд хоҳанд кард.
Ато Муҳаммади Нур, мулаққаб ба “Императори Балх”, ки дар шаҳри Дубай ба тадовӣ рафта буд, дар пайи таҳаввулоти ахир маҷбур шуд бозгардад. Ӯ бузургтарин ва маданитарин шаҳри Шимол – Мазори Шарифро назорат мекунад. Нерӯҳои низомии ӯ дар як ҷуғрофиёи бузург – аз Ғӯр то Тахор ҷойгир шудаанд. Ӯ аз нуфузи зиёд миёни мардум, бахусус, тоҷикон, ки аксарияти аҳолии шимоли Афғонистонро ташкил медиҳанд, бархӯрдор аст.
Бино ба иттилои мувассақ, маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари билоивази турктаборон ва Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, ки 18 июн ба далели маризӣ ба Туркия интиқол ёфта буд, имрӯз, 23 июн қарор аст ба Афғонистон баргардад ва дигарбора вориди майдони ҷанг шавад. Ҷузҷону Форёб ба пуррагӣ ва Самангону Сарипул қисман вилоятҳоеанд, ки дар онҳо бештар аз ҳама нерӯҳои размии маршал Дӯстум ҷойгир шудаанд. Ӯ дар манотиқи дигари ӯзбекнишини шимол низ нерӯву нуфуз дорад.
Аббос Иброҳимзода, маъруф ба Аббоси “Доллар”, раҳбари Ҳизби ваҳдати навини ҳазораҳои Афғонистон, низ бо 1000 ҷангии худ дирӯз, 22 июн, ба неруҳои ҳукуматӣ пайваст. Ба ҷуз ӯ дар Мазори Шариф нерӯҳои Ҳизби ваҳдати исломии Муҳаммади Муҳаққиқ, мушовири амниятии президенти Афғонистон низ мустақаранд.
Нафари дигаре, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, бояд вориди майдон шавад, Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи устураии Афғонистон аст. Худи ӯ дар Тахор ба дунё омадааст. Падараш ҳанӯз аз замони ҷиҳод дар ин манотиқ пойгоҳҳои қавии мардумӣ эҷод намуда, дар замони муқовимати аввал бо Толибон (1996 – 2001) фармондеҳии тамоми нерӯҳои зиддитолибро бар дӯш дошт.
Ҳоло Масъуд нест, аммо ҳудуди 200 фармондеҳаш дар вилоятҳои Тахору Кундуз чанде қабл бо Аҳмад Масъуд аҳд карда, раҳбарии ӯро пазируфтаанд. Аз сӯи дигар, ҷанг бо Толибон (мамнӯъ дар Русия) дар Тахор аввалин набард ва имтиҳони Аҳмад Масъуди ҷавон аст. Ӯ низ дар пайи таҳаввулоти ахир аз Аврупо ба Афғонистон баргаштааст.
Ин раҳбарон ҷангҳоеро дар қисматҳои алоҳидаи Шимол мудирият мекунанд, ки ҳадафаш озодии вилоятҳо аз Толибон (мамнӯъ дар Русия) аст, аз сӯи дигар, нохоста вориди як имтиҳони таърихие хоҳанд шуд, ки ояндаи сиёсии онҳоро рақам хоҳад зад.
Ҷабҳаи муқовимат – 2?
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои огаҳони ҳол, қарор аст, раҳбарони фавқуззикр дар Мазори Шариф ҷамъ омада, як иттиҳоди низомию сиёсӣ алайҳи Толибонро таъсис диҳанд. Соли 1996 ҳамчунин як иттиҳод таҳти унвони Ҷабҳаи муттаҳиди исломии наҷоти Афғонистон, ки аз сӯи мухолифонаш Эътилофи Шимол ном гирифт, таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд таъсис ёфта буд.
Оё таърих такрор меёбад? Он замон ин эътилофи зиддитолибӣ низ дар Мазори Шариф ба вуҷуд омад ва бо Толибон (мамнӯъ дар Русия) ва иттифоқчиёнаш “Ал-қоида”-ву истихбороти минтақаӣ то соли 2001 ҷангид. Пас аз террори раҳбари Ҷабҳаи Муттаҳид ва ҳаводиси 11 сентябри 2001 Амрико маҳз бо ҳамдастии ин нерӯҳо вориди Афғонистон шуд. Аммо 20 сол гузашт ва Амрико ба нокомӣ Афғонистонро тарк мекунад. Толибон (мамнӯъ дар Русия) дигарбора азми қудрат доранд ва ба ҷони Шимол – пойгоҳи муқовимати зиддитолибон омаданд.
Чархи таърихи Афғонистон он гуна ба пеш меравад, ки ангор ба қафо меравад. Фақат замон тағйир кардааст.
Фахриддини Холбек
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ