«Шикастнопазир»-и Ҷайҳун Насимӣ дар Ҳолевуд
«Пеш аз ҳама, хушбахт аз он мебошам, ки тоҷикам. Бо боварӣ мегӯям, ки маҳз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо, ҷавонон имкон фароҳам овард, то ба таҳияи филмҳои сатҳи ҷаҳонӣ шурӯъ кунем». Ин матлабро муаллифи филми «Шикастнопазир» Ҷайҳун Насимӣ пеш аз оғози намоиш дар толори «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма баён дошт.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кинои тоҷик рушду нумӯъ ёфта истодааст. Далели ин гуфта ба навор гирифта шудани филми кинематографи ватандӯсту соҳибзавқи тоҷик Ҷайҳун Насимӣ дар «Голливуд»- и ИМА мебошад. Чанде пеш филми мазкур бо номи «Шикастнопазир» пешниҳоди дӯстдорони кинои ҷаҳон гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ҷайҳун Насимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуд, ки ба неруи созандаи ҷавонон эътимоди зиёд доранд. «Ҳамзамон боиси рӯҳбаландии ҷавонон аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи кинои тоҷик диққати ҳамешагӣ медиҳад»,-гуфт муаллифи филм.
Филми «Шикастнопазир» дар бораи ду бародари дугоник нақл мекунад. Мувофиқи сужаи филм, бародарон дар ҷанги шаҳрвандӣ аз якдигар ҷудо мешаванд ва яке ба Амрико мераваду дигарӣ ба Афғонистон раҳсипор шуда, ҷангҷӯи «Толибон» мегардад…
Филми «Шикастнопазир» дар таҳияи коргардонҳо Ҷош Хоҷинс, Ҷо Данте, филмбардор-таҳиягар Крис Бонд, продюссерон Ҷайҳун Насимӣ ва Сироҷиддин Мирзоев рӯи навор омадааст.
Бояд гуфт, ки дар филм ду нафар ситораи машҳури Голливуд- Ҷеймс Хонг ва Эндрю Маккой нақш офаридаанд. Муаллифи филм Ҷайҳун Насимӣ иттилоъ дод, ки филмро як ҷавони ватандӯсти тоҷик Сироҷиддин Мирзоев сармоягузорӣ кардааст.
Боварӣ дорем, ки филми «Шикастнопазир» аз ҷониби дӯстдорони филмҳои ватанӣ пазироии гарм ёфта, ба кори муаллиф ва таҳиягарони он баҳои ҳаққонӣ дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ