“Шикор”-и Мирзиёев дар Тошканд идома дорад
Чунин ба назар мерасад, ки дар Ӯзбекистон як маъракаи густардаи поккории сафҳои мақомоти интизомӣ авҷ мегирад. Ахиран собиқ муовини прокурори вилояти Тошканд Ҷамшид Файзиев, собиқ муовини прокурори шаҳри Тошканд Мираълам Мирзоеев бо ҳамсару писараш ва полковник Тоймуроз Алимов аз СНБ дастгир шудаанд.
Ҷамшид Файзиев, собиқ додситони вилояти Тошкандро шаби 23 ба 24 феврал дар манзилаш дар ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд дастгир кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ба сари Ҷамшид Файзиев халта андохтаву ба дасташ завлона баста, аз хонааш бурдаанд. Ҷамшид Файзиевро бар асоси баёноти собиқ додситони кулл Рашид Қодиров дастгир кардаанд. Рашид Қодиров, ки аз соли 2000 то 2015 дар тӯли 15 сол додситони кулли Ӯзбекистон буд, рӯзи 22 феврал дастгир карданд. Ӯ ба ҷиноятҳое, чун шустушӯи пул тавассути бонкҳои хориҷӣ, тамаъҷӯӣ ва сӯиистифода аз мақом айбдор мешавад. Ҳамин тавр, рӯзи 23 феврал мақомоти корҳои дохилӣ ба сари боз як корманди дигари дар гузашта пурнуфузи додситонӣ халта андохта, ӯро ҳамроҳи ҳамсару писараш бурданд. Мираълам Мирзоеви 68-сола, маъруф бо лақаби «Антибиотик” то бознишаста шуданаш муовини додситони шаҳри Тошканд дар умури масоили мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ буд. Писари 42-солаи ӯ Абдурашид Мирзоев то боздошташ сардори шуъбаи мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккилонаи раёсати СНБ (Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон) дар шаҳри Тошканд ва ҳамсари Мираълам Мирзоев – Муҳаббат Ҳасанов роҳбари коллегияи адвокатҳои ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд буданд. Боз як намояндаи дигари хонаводаи дар замони Каримов пурнуфузи Мирзоевҳо – Мансур Мирзоев, маъруф бо лақаби «Малыш” низ дастгир шудааст. «Малыш” қаблан роҳбари шуъбаи мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккилона дар раёсати СНБ дар вилояти Тошканд буд. Падари ӯ Мираъзам Мирзоев, бародари Мираълам Мирзоев, солҳои тӯлонӣ дар маққоми муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд кор кардааст.Як шоҳиди боздошти аъзои хонаводаи Мираълам Мирзоев дар маҳаллаи «Центр Луначарского”, яке аз маконҳои асосии зиндагии афроди пурнуфуз ва сарватманд дар пойтахти Ӯзбекистон » гуфтааст: “Дар маҳалла ғавғо бархост. Мо дидем, ки нафарони ниқобпӯш хонаи «Антибиотик”-ро иҳота карданд ва баъди як муддати кӯтоҳ чанд нафарро бароварданд. Ба рӯи онҳо халтаи сиёҳ кашида шуда, ба дастонашон завлона баста буданд.” Бино ба гузоришҳои расида аз Ӯзбекистон, полковники 42-солаи СНБ Тоймуроз Алимов низ рӯзи 26 феврал дастгир шудааст.Тоймуроз Алимов дар СНБ расман муовини сардори раёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодӣ буд, вале ӯро дар асл иҷрокунандаи супоришҳои вижаи собиқ муовини раиси СНБ генерал Шӯҳрат Ғуломов мешуморанд.Ба зидди Тоймуроз Алимов бо иттиҳомоти сангине, чун куштор, сӯиистифода аз мақом ва ба ҷавобгарӣ кашондани одамони бегуноҳ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, маҳз Алимов бо фармони генерал Ғуломов чандин нафарро дар зиндонҳои Ӯзбекистон ҷисман аз байн бурдааст. Дар давраи зӯрии СНБ ногаҳон ғайб задани афрод баъди боздошташон аз ҷониби СНБ зиёд мушоҳида мешуд.Чунин ба назар мерасад, ки дар Ӯзбекистон баъди сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев як маъракаи густардаи поккории сафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳандозӣ шудааст. Мирзиёев дар якуним соли роҳбариаш тавонист роҳбарони додситонӣ, вазорати дохила ва СНБ-ро қариб пурра иваз кунад. Ӯ дар суханрониҳояш кормандони додситониро «дуздони калон” номида, мегӯяд, СНБ он қадар аз худ рафта буд, ки ҳатто сутунро метавонист гунаҳкор бароварда, ба зиндон андозад. Генерал Шуҳрат Ғуломов моҳи августи соли гузашта ба ҳабси умрбод маҳкум шуд. Собиқ вазири дохила Адҳам Аҳмадбоев низ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки Аҳмадбоев бо супориши Ғуломов телефонҳои наздикони президент, аз ҷумла аъзои хонаводаи Мирзиёевро гӯш ва сабт мекард. Мирзиёев дар суханрониҳояш онҳоро ба «хиёнат” айбдор кард ва гуфт, погонҳои генералии ҳардуро канда, ба дасташон додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ