Шикори афғон ё номуси тоҷикӣ куҷо шуд?
Хориҷиёнеро ки мехоҳанд дар симои Тоҷикистон манбаи маишату вақти худро хуш гузаронидан мебинанд, ба ҷазои сахт бояд сазовор донист, то ки намак хӯрда, ба намакдон туф накунанд . Дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки барои як гуноҳ ҷазои ҳархеларо раво дида, гунаҳгорро ба «худию бегона» ҷудо мекунанд. Мо низ сари масъалаи ҳифзи номуси миллӣ чунин корро кунем, боке нест.
… Хабари ба мардҳои занакабози афғон ба савдо задани номуси занҳои тоҷик бори аввал нест, ки паҳн мешавад. Аммо ин дафъа ин хабарро ба таври расмӣ ВКД тасдиқ намуд ва ҳатто номи яке аз даллаҳоро расонаӣ ҳам кард. Тавре ки аз ин сохтор иттилоъ доданд, Фарангиз Бадалова ном зани беномус на танҳо номуси худро, балки номуси чанд ҳамҷинсашро низ ба ивази маблағ ба хориҷиён пешниҳод менамудааст. Албатта, номусфурӯшӣ имрӯз бо сабабҳои гуногун хеле авҷ гирифтааст ва ин ҷои тааҷҷуб ҳам надорад. Аммо чун ин даллазан тоҷикзанҳоро ба ивази пули калон маҳз ба хизмати хориҷиён мегузоштааст, барои аксари шаҳрвандони баномуси кишвар аламовар будааст. Вақте ки кас ибрози ақидаи тоҷиконро дар ҳошияи ин хабар мехонад, гумон мекунад, ки ҳоло ҳамаи ин «шерони жаён» ба майдон мерезанд ва аз номуси ҳаммиллатони худ дифоъ мекунанд. Аммо бояд иқрор шуд, ки ин «тӯфонҳо» ҳамагӣ дар «косаи обанд» ва ба ҷуз гуфтану лаънат фиристодан нисбати ҳам он афғонҳою ҳам он занони сабукпо дигар коре нахоҳанд кард ва ин корашон дуруст ҳам ҳаст. Зеро барои ҳимоя аз номуси худ ин миллат сохторҳои махсус дорад ва ин занҳо ақли солим бояд дошта бошанд. Ҳар чӣ қадар ин кор сахт нарасад ҳам, дар сурати аз ҷониби шаҳрвандони мо гирифтани ягон тасмим нисбати хориҷиён ҷомеа ба хаос гирифтор хоҳад шуд.
Банда бо намояндагони ин миллате, ки дар бораашон дар боло сухан рафт, ҳанӯз дар замони шӯравӣ маълумоти мухталиф доштам ва бори аввал дар ин кишвар аз кирдорҳое огоҳ шудам, ки инсони тарбиядида нисбати ҳамҷинси худ ҳаргиз раво намебинад.Шояд баъзеҳо ақида доранд, ки ҳамаи ин натиҷаи ҷанги шаҳрвандии чилсолаи афғонҳост, вале бояд иқрор шуд, ки дар ин кишвар баъзе амалҳои ғайришаръӣ, ба мисли ҳамҷинсгароӣ ва зӯроварӣ нисбат ба хурдсолону ҷавонон то он замон ҳам вуҷуд доштааст ва баъд аз оғози ҷангҳо афзоиш ёфт.
Мутаассифона, аксари гуфтаҳо нисбати бародарони афғон ва эронӣ дуруст буданд. Шояд барои мо, ки дар даврони шӯравӣ ба камол расидаем, ин кирдорҳои ғайриинсонӣ мисли он намояд, ки барои имрӯзиён саёҳати бепул ва табобати комилан ройгон аз ҳисоби давлат ва ё барои бекоргардӣ ҷазо додан ба танбалон мисли афсона метобад. Аммо ҳоло ба оҳистагӣ ин расми танаффуровар дар майдони кишти аз шӯразор тозаи мо ҳамлавар шуда истодааст.
Барои ин ки чунин «дардҳо бедаво» ба мардуми тозаасли мо сироят наёбад ва чунин ҳолат аз байн раваду нангу номуси миллат боиси гуфтугузорҳо дар байни миллатҳои дигар нашавад, чӣ бояд кард? Барои ин, ба андешаи мо, пеш аз ҳама он хориҷиёнеро, ки мехоҳанд дар симои Тоҷикистон манбаи маишату вақти худро хуш гузарониданро мебинанд, ба ҷазои сахт сазовор донист, то ки намак хӯрда, ба намакдон туф накунанд. Яъне, агар дохилӣ ва хориҷӣ бо кирдори ношоям, фарз кардем бо фоҳишагарӣ ба даст афтанд, бояд ҷазо гуногун бошад. Албатта , шояд ҳуқуқшиносон ба ин андеша зид бароянд,ки барои гуноҳи якхела ҷазои гуногун дода намешавад. Аммо агар чуқуртар фикр кунем, дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки барои як гуноҳ ҷазои ҳархеларо раво дида, гунаҳгорро ба «худию бегона» ҷудо мекунанд. Мо низ сари масъалаи ҳифзи номуси миллӣ чунин корро кунем, боке нест.
Боре нафареро барои дузанагӣ ба маҳкама кашиданд ва чун синнаш калонтар буд, танҳо бо ҷарима халос хӯрд. Аз ӯ пурсидам, ки чаро чунин кардӣ ва магар барои зани дуюм гирифтанат ягон зарурат пайдо шуд, ӯ гуфт: «Ман ин занро аз дасти хитоӣ гирифтам ва медонистам, ки он хитоие, ки мехост бо ӯ хуфтухоб кунад, дар ватанаш боз зан дошт.Чун мо якҷо кор мекардем ва бо ҳам гӯё дӯст ҳам будем,сиррашро ба ман мегуфт. Гуфт,ки ин занро ҳамту барои як муддат истироҳату маишат мегирад. Рости гап,номус гиребонгирам шуду он занро ба гап андохта, никоҳ кардам ва ана мебинӣ, ки барои ин суд ҳам шудам…»
Дар ҷавоби ин гуфтаҳои ӯ лол мондам. Воқеан,кадоме беҳтар аст, он,ки зани тоҷик ба эроние зани сиға шавад ва ё зани марди тоҷике гардад,ки аз ӯ кӯдакони тоҷик ба дунё оянд?
Ҳарчанд баъзе аз демографҳо воҳима мекунанд, ки ба наздикӣ дар натиҷаи зиёд шудани аҳолӣ Тоҷикистон гирифтори инқироз мегардад, аммо ҳаргиз ин тавр нест ва тавре ки оппонентҳои онҳо мегӯянд, кишварамон қудрати то 50 миллион нафарро хурондан дорад. Гузашта аз ин, миллати мо нисбати дигар миллатҳо камшумор аст ва ҳеҷ зарар надорад, ки дар рӯи замин боз як тоҷик зиёд шавад.
«Суратҳои духтаронро ба шиносҳояш роҳӣ мекард. Роҳӣ мекард, худаш гап мезад, нарху наво мекард, баъд ба духтарон мегуфт, ҳамин хел шарту шароит аст, меоед? Ва онҳо меомаданд.”
Ҳангоми амалиёти кормандони шуъбаи чорум дар фоҳишахонаи Фарангиз Бадалова ду шаҳрванди Афғонистон – Амрулло Одил, соли таваллудаш 1986 ва Абдулатиф Ризоӣ, соли таваллудаш 1989 бо ду духтари тоҷик «истироҳат” доштанд» ва машули кирдори бадахлоқона буданд», — гуфта мешавад дар хабари ВКД. Албатта, аз ин Амрулло ва Абдулатиф насле ба дунё намеояд ва мақсади онҳо низ танҳо дилхушӣ ва вақтгузаронии онҳост, ки минбаъд ба рафиқонашон онро қисса кунанд.Аммо ин «қисса» аз даҳон ба даҳон гузашта, дар ниҳояти он сабабгори ривоҷи «секстуризм» мешавад. Барои он ки садди роҳи ин падида гардем, қабл аз ҳама, бояд кормандони ВКД тавре ки ҳоло карданд, лонаи беномусҳоро торумор кунанд ва дар ҷомеа чунин як фазоеро ба миён оранд, ки хурду бузург нисбати онҳое, ки танфурӯшӣ мекунанд ва аз ҳама бештар нисбати нафароне,ки пули хориҷиеро аз меҳнати ҳалоли худ беҳтар медонанд, ҳисси танаффурро бедор кунанд. Кумитаи занон низ дар баробари тарғиби либоси миллӣ, ба тарғиби одобу маданияти миллӣ машғул гардад. Ин ҳамаро гуфтан осон, вале кардан душвор аст ва танҳо бо гузаштаи миллати худ ифтихор кардан маънои ватндӯстию миллатдӯстиро надорад. Миллатро бояд ҳоло эҳтиёт кард,ки ҳар гуна гургу шағол ба шикори он машғул нашавад. Сатҳи зиндагии занонро бояд баланд кард. Ин суханонро ҳар рӯз мешунавем, вале боз ҳам мешунавем, ки ким кадом афғони бемаданияту кӯрнамак (аз афғонҳои бовиҷдон узр мехоҳам) зани тоҷикро бо айби даллаи тоҷик ва ҷурми кӯтоҳақлии худи тоҷик беномус кардааст. Чӣ суханони гӯшхароше…
Шояд нафароне пайдо шаванд, ки ба ин гуфтаҳо розӣ нестанд, вале бигзор сари ин масъалаи доғ андешаи худро баён намоянд. Шояд дар якҷоягӣ роҳи ҳалли онро пайдо кунем…
Абдумудассир АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ