Шикори муҳоҷирон “фишор” нест? Посухи Сироҷиддин Муҳриддин

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, ки “чорабиниҳои нақшавиву ғайринақшавӣ ҷиҳати ба танзим даровардани равандаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ” дар Русия фишороварӣ болои муҳоҷирон нест. Ҳол он ки, худи муҳоҷирон аз муносибати сарди мақомоти Русия дар ин авохир нигарон ҳастанд…

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки бо назардошти сатҳи баланди муносибатҳои бисёрсамтии Тоҷикистон бо Русия дар миён фишороварӣ ҷой дошта наметавонад.

“Дар мавриди амалиётҳои мунтазами тафтишотии мақомоти қудратии Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қайд кард, ки ҷониби Тоҷикистон дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад”,- гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Вале ӯ афзуд, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ҷиҳати ба танзим даровардани равандаҳои муҳоҷирати корӣ бояд ҷониби Русия ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, риоя кунад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти охираш бо Сергей Лавров, ҳамтои русаш мисол овард ва таъкид кард, ки “мо дар ҳама сатҳҳо ин мавқеъро бо ҳамтоёни руси худ таъкид мекунем”.

Ӯ дар идома афзуд, ки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия масъалаи марбут ба вазъи шаҳрвандони мо ва ҳифзи ҳуқуқи онҳоро мунтазам пайгирӣ менамоянд.

“Мо ҳамеша аз шаҳрвадони Тоҷикистон даъват мекунем, ки зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии худро дар Русия дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монанд. Ҳамзамон, мақомоти марбутаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ дар Русия дар мавриди татбиқи созишномаи дахлдори соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ ва омода намудани онҳо пеш аз сафар ба Русия ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд”,- гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ёдовар мешавем, ки давоми чанд моҳи охир фишору таъқиби муҳоҷирони тоҷик аз сӯи маъмурони интизомии Русия афзоиш ёфта, боиси нигаронӣ дар Тоҷикистон гардидааст.

Қаблан Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон боздошту таъқиб ва фишорҳои охирро ба амалиёти махсуси “Нелегал”-и мақомоти қудратии ин кишвар рабт дода, гуфта буд, ки муҳоҷирони тоҷикро дар бораи “рейд”-ҳо огоҳ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки давоми чанд моҳи охир кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро дар ҳар ҷо — бозор, ҷойи кор, масҷид ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.

Кор ба ҷойе расидааст, ки кормандони мақомоти амниятии Русия ҳатто донишҷӯёни тоҷикро бе сабаб латукӯб намуда, бо гузашти моҳҳо сабаби чунин рафтори худро шарҳ надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *