“Шикори варзишгарон” магар роҳи дигаре вуҷуд надорад?

Инстаграм-канали goaltj, ки рӯйдодҳои футболи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки Парвиз Ализода, нимҳимоятгари дастаи футболи “Хуҷанд” –ро ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.

Ин дар чан рзи охир дуюмин мавриди ба хидмати ҳарбӣ бурдани ситораҳои варзиш дар шаҳри Хуҷанд аст.

 Рӯзи 10 ноябр, ҳамагӣ як рӯз қабл аз сафараш ба чемпионати самбои ҷаҳон ба Тошканд Бобохон Мирзозода, узви тими миллии гуштини самбои Тоҷикистонро тариқи “облава” маҷбурӣ ба артиш фиристода буданд. “Нисфи бозигарон ба Русия мераванд ба мардикорӣ/ нисфи онҳоро ба артиш мебаранд ва кӣ футбол бозӣ мекунад? Ба фикри шумо, футболбозони касбӣ бояд хидмат кунанд ё на?” – навиштааст goaltj дар мавриди “облава” шудани Парвиз Ализода.

Парвиз Ализода (Алиев Парвиз Шавкатҷонович) 8 марти соли 1999 ба дунё омада, аз 1 январи соли 2018 дар ҳайъати “Хуҷанд” бозӣ мекунад ва то 31 декабри соли ҷорӣ бо ин даста қарордод дошт. Парвиз Ализода соли 2018 беҳтарин футболбози ҷавони вилояти Суғд эътироф шуда буд.

Бисёрии мухлисон дар “даъвати Парвиз Ализода ба артиш” дасти дастандаркорони дастаи вазорати мудофиаро мебинанд, ки ба хотири тақвияти ҳайъати он талош доранд футболбозони ояндадорро аз дастаҳои дигар ба “хидмати ҳарбӣ”, вале амалан барои “хидмати бепул” ба ҳайъати КМВА биоранд.

Сомонаи transfermarkt арзиши Парвиз Ализодаро дар бозори футбол 100 ҳазор евро баровард кардааст, вале дар сурати даъваташ ба артиш ӯ маҷбур аст дар ҳайъати КМВА бепул бозӣ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *