Шикояти Алексей Навалнийро Додгоҳи конститутсионӣ ба баррасӣ нагирифт

Додгоҳи конститутсионии Русия шикояти Алексей Навалнийро аз болои қонуни федоролӣ дар бораи интихоботи президентӣ ба баррасӣ нагирифт. Қонуни мазкур даъвогаронеро, ки доғи судӣ доранд, ба интихобот роҳ намедиҳад.

Радди баррасӣ «фавран» — ҳамагӣ баъди се рӯзи ворид шудани шикоят — эълон гардид. Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо фасод Иван Жданов, чунин тарзи баррасии муроҷиатҳо дар гузашта ҳамагӣ як маротиба — замоне ки президенти Русия Владимир Путин дар мавриди ҳамроҳшавии Қрими ғасбшуда муроҷиат карда буд — такрор шудааст.

Алексей Навалний, мухолифи рус аз ҷой доштани духурагӣ дар қонуни интихоботӣ ба Додгоҳи конститутсионии Русия 16 январ шикоят бурд. Навалний аз додгоҳ хост, монеаҳоеро, ки дар қонуни интихоботӣ вуҷуд доранд, ғайриконститутсионӣ эътироф кунад.

25 декабр Комисияи марказии интихоботӣ дархости Навалнийро барои номзад шудан дар интихоботи президентӣ рад кард. 30 декабр Додгоҳи олии Русия низ шикояти сиёсатмадорро дар мавриди ғайриқонунӣ эътироф кардани қарори комисияи интихоботӣ рад кард.

Намояндагони мухолифи Кремл роҳ надодани ӯро ба интихобот ғайриқонунӣ меноманд. Навалний аз ҳаводоронаш хостааст, 28 январ бо нишони эътироз ба хиёбонҳо бароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *