Шикояти блогер аз блогерон
Дар ютубканали “Mehrob pro” суҳбати муфассале бо яке аз блогерони шинохтаи Инстаграмм — Насим, ки бо тахаллуси “Афандӣ” маъруф аст, нашр гардид.
Меҳмони барнома дар аввал доир ба пайдо шудани тахаллусаш чунин мегӯяд:
— Чанд сол пеш дар миёни корбарони интернет гурӯҳҳои вайберӣ маъруф буданд, ки онҳоро “паблик-чат” мегуфтем. Ҳамон ҷо ман бо номи “Афандӣ” саҳифа доштам ва ба обуначиҳоям ҳар гуна латифаҳо нашр мекардам, ки аз ҳамонҷо монд тахаллусам.
Афандӣ доир ба саҳнаҳои ҳаҷвиаш дар Инстаграмм мегӯяд, ки аксари онҳоро худаш эҷод мекунад. Ва иловатан, наворҳои блогерони хориҷиро тамошо карда, бо иловаҳову ихтисорҳо онҳоро такрор мекунад. Ҳамчунин, номбурда аз дурӯғ будани бархе “ГИВ”-ҳои блогерони тоҷик чунин мегӯяд:
— Ман бисёр “ГИВ” мегузаронам ва бовар кунед, 70-80 фоизи пули ҷамъшуда аз сарпарастонро барои обуначиҳоям туҳфа мегирам, вале бовар кунед, ҳастанд блогероне, ки дар бозиҳояшон ноҳақӣ мекунанд ва туҳфаҳоро ба шиносҳояшон медиҳанд. Яъне, фазои Инстаграмро каме безеб кардаанд, ки боиси нобоварӣ ва шубҳаҳои зиёд шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ