Шикояти муштарӣ аз Супермаркети «Пайкар» (акс)
Як муштарӣ рӯзи 11 октябр аз супермаркети дар Душанбе машҳури «Пайкар” бастаҳои сабзавот харидааст, вале вақте дар хона ин бастаҳоро мекушояд, мебинад, ки дар даруни сабзавоти фурӯхтаи «Пайкар” киру ҳашароти зиёде оромона сайругашт доранд.
Бознашр аз «Ахбор»
Ин аксҳо ва видеоро як хонандаи «Ахбор” фиристодааст. Ӯ менависад, ки як дӯсти наздикаш рӯзи 11 октябр аз мағозаи машҳури «Пайкар” дар шаҳри Душанбе сабзавот харида, ба хона меорад. Дар хона бастаҳои сабзавотро кушода, мебинад, ки дар дарунаш кирму ҳашарот сайругашт доранд.
Азбаски ин бастаҳои сабзавот қобили истеъмол набуд, ин муштарии «Пайкар” ба он мағоза меравад, ки маҳсулоти кирмзадаашонро баргардонад.
Табиист ки дар инҷо касе ба ҳарфи ӯ гӯш намеандозад: Фурӯшандаҳо мегӯянд, бояд ба маъмурият муроҷиат кунад, маъмурият, қарори маълум, аз ҳуҷраи кориаш намебарояд.
Баъди интизории тӯлонии беҳуда ин муштарии бечора бастаҳои кирмзадаи маҳсулоте, ки дар мағозаи «Пайкар” бораш кардаанд, ба хона баргашта, ин ҳамаро аксу навор гирифт ва аз сомонаи «Ахбор” хост, ки расонаияш кунем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ