“Шинед, хезед…!” Ман итоат мекунам…
Хайрият, ҳамин дастқапакҳои дохили машруткаҳоро гирифтанд. Акнун ҳар вақте ки нақлиёт меистад ва ё рафиқ ронанда аз нақша дер намонам гуфта газро зер мекунад, мо ҳамсафарони дар барамон ростистодаро оғӯш мекунему меҳру муҳаббатамон боз ҳам бештар мегардад.
Хайрият, ҳамин дастқапакҳои дохили машруткаҳоро гирифтанд. Акнун ҳар вақте ки нақлиёт меистад ва ё рафиқ ронанда аз нақша дер намонам гуфта газро зер мекунад, мо ҳамсафарони дар барамон ростистодаро оғӯш мекунему меҳру муҳаббатамон боз ҳам бештар мегардад.
Баъд аз ин супориши қатъии «Автобазаҳо» мусофирони «чухтакӣ»-ро дигар савор намекунанд ва ронандагон бо даромади ночизи мусофирони “ шинанда” тоб наоварда, аз кор рафта истодаанд ва акнун роҳҳо низ тамба намешаванд. Хайр он чӣ, ки нақлиёт дар як соат як маротиба меояду аз кору аз дарс дер мемонем, проблемаи мост. Бояд соати 5 хезему сари роҳи маршруткаи “шинандаҳо” бароем, он гоҳ ҳама кор 5 мешавад. «Зато» шаҳрамон зебою ҳама “шиштагӣ”… Инак, чанд рӯз мешавад, ки қисми зиёди ронандагон дастқапакҳои микроавтобусҳои мусофиркашиашонро кандаанд. Албатта, бо хоҳиши худ нею бо «тавсия»-и «боло».
Кормандони БДА шабу рӯз интизоранд, ки ронандагони аз миқдор зиёд мусофир саворкардаро қапанду “иштароб” кунанд. АММО… Ин воқеан аммои калон аст, чунки бо ин тартиб мо аз борон гурехта зери новадон «руст» мондем. Ронандаҳо ҳамин, ки “калтакдорони калтаки сурхдорро” диданд, команда медиҳанд: “шинед!” ва ҳама итоаткорона сари дузону мешинанду «хатар», ки паси сар шуд боз “чухт” меистанд… Ин аст роҳи ҳалли проблема! Аммо рости гап, ба ҳамин ронандаҳо ҳам “жалка”…
Бо яке аз онҳо ҳамсуҳбат шуда, баъди шунидани арзаш гарданашро гирифта, ҳамдардӣ баён намудам: «Мо 150-200 сомонӣ ҳар моҳ «аренда»-и мошинро медиҳем, ҳар омаду рафти мо пулакӣ аст, ғайри ин худи ҳуҷҷатгзорӣ, аз 1000 сомонӣ боло мешавад. Фақат як балони мошин 800 сомонӣ нарх дорад. Таъмиру ташхиси микроавтобус ҳамааш аз кисаи худамон аст. Нархи солярка ба ҳама маълум. Агар мо одамонро рост нагирем, ба чойпулии худамон намерасад, чӣ монад бо ободии оилаамон…»
Пас аз оби чашм кардан маслиҳат додам: “Ронандаи автобус шавед”. Ӯ, мисли он ки ба бемори сиҳатнашаванда менигариста бошад, баён кард: «Охир дар он автобус бояд ду нафар кор кунад. Аммо ба ин ду нафар ҳамагӣ 1600 сомонӣ маош медиҳанд. Бо 800 сомонӣ шиками кӣ сер мешавад?» Қарор додам, ки минбаъд низ бо командаи ронандаҳо “шинухез” карда гардам…
Саодат Розиқзода,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ