Шинохт аз се вазир. Олимов, Назаров ва Зарифӣ “муҳтоҷ”-и суҳбат бо мардуманд
Гоҳо дар зиндагӣ аҷиб иттифоқе меафтад. Ва ба ман муяссар гардид. Дар як рӯзи пурбаракати шанбе ба шаш хурсандӣ даъватӣ будам. Яке аз онҳо тӯйи фарзандони писари собиқ раиси Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, сафири вақти Тоҷикистон дар Қазоқистон, вакили парлумони кишвар, марди хеле табаррук бароям акаи Сайдшариф Шарифов — Муҳаммадназир Шарифов буд.
Худо ҷойи акаи Сайдшариф биҳишт бошад. Пеш аз баргузории ҳар маҷлиси сессияи Шӯрои олӣ, ки ҳарду вакил будем (солҳои 1995-2000), аз Мастчоҳ телефон мекарду саломатиамро мепурсид ва шӯхиомез мегуфт:
— Абдулфайз, агар дар сессия баромад кунӣ, меоям, агар не, кори ноҳия бисёр аст.
— Яъне намеоям…
Худоро шукр мекунам, назди чунин бузургон аз чӣ бошад, қадре доштам.
Аз ин бузургмард писаре чун Муҳаммадназир ба ҳамон назири падар боқӣ монда, ки маро чун қадрдони падар фаромӯш накардааст…
Дар тӯйхонаи бошукуҳи “Яккасарой” соҳили рӯдхонаи Душанбе меҳмонони фохире ҷамъ шуда буданд. Соҳиби хурсандӣ маро ба ҷое муаррифӣ кард, ки ин нишони истиқболи гармаш буд.
Ҷойи падарат биҳишту фарзандонат хушбахти ин дунё гарданд, тӯйдор. Маро дар мизе, ки меҳмонони хеле муътабари ин маҳфили хотирмон — се вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон — Рашид Қутбиддинович Олимов, Талбак Назаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ менишастанд, ифтихори нишаст дод…
Бо ин се бузургмард, ки дар роҳи Истиқлол барои нуфузу эътибори Тоҷикистон ва татбиқи сиёсатҳои Пешвои миллат заҳматҳо кашидаанд, кор кардаам. Онҳо буданд, ки Тоҷикистонро ҳудуди дусад кишвари дунё ба расмият шинохт ва парчами Тоҷикистон дар пештоқи бинои Созмони Милал ва даҳҳо созмонҳои минтақавӣ насб ҳасту зиёда аз чил кишвари дунё имрӯз сафоратхонаҳои Тоҷикистонро доранд.
Бале, ҷузъиёти хизматҳои эшонро ёдоварӣ кардан хеле мушкил аст. Онҳо бо ҳама ин бузургӣ ҳамонгуна чун давраи вазириашон хоксору ҳалиму “муҳтоҷ”-и суҳбат бо мардуманд.
Маро, як корманди оддии даргоҳашон — Вазорати корҳои хориҷиро, ки 21 сол ҳамроҳашон кор кардам, бо муҳаббати самимонаашон пазиро шуданд. Медидам дар паҳлуяшон одами изофӣ нестам ва он бузургон аз диданам шод ҳам ҳастанд.
Маро ҳаштуми моҳи феврали соли 1993 айни нооромиҳои кишвар Рашид Олимов ба кор қабул кард.
Рашид Қутбиддинович дар сессияи 16-уми таърихии Хуҷанд ба вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Ӯро ман аз айёми донишҷӯӣ мешинохтам. Як донишҷӯи аз факултаи таърих аълохону ташкилотчӣ, раиси комсомолону ҷавонони бузургтарину баобрӯйтарин донишгоҳи кишвар — Университети давлатии Тоҷикистон буд.
Дар аҳди Шӯравӣ бо ҳамин қобилию ташкилотчигияш аз котиби якуми комсомоли Тоҷикистон то вазифаи раисии як ниҳоди пурнуфузи умумишӯравии ҷавонони бинокор “Спутник” расиду Маскав рафт…
Ин дар он замон барои як ҷавони ғайрирус аз имкон берун буд. Вале Рашид Олимов — ҳамкурси собиқи мо аз факултаи таърих ба ин бо қувваю заковати худ ноил гардид.
Ӯ аз оилаи ашрофзодагони миллати тоҷик аст. Падарашон Қутбиддин Олимов яке аз асосгузорони синамои тоҷик ва шахсияти бузурги фарҳангӣ, падарарӯсаш олими тавонои миллат, Президенти академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ, ки дар паҳлуи устод Бобоҷон Ғафуров Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекард, дар тарбияи фарзандашон ҳисса доштанд.
Рашид Қутбиддинович дуои ин ду бузургворро гирифта буд…
Хоҳараш зеботарин духтар, яке аз аввалин наттоқони телевизиони тоҷик Хосият Олимова, ҷояш ҷаннат, аз дунё ҷавон даргузашт. Бародарашон Акмал Олимов яке аз журналистони боистеъдод буданд.
Хулоса, Рашид Олимов мактаби муътабари авлодӣ дошт ва ҳамингуна муваффақ то Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал, сафири кишвар дар Хитой ва котиби генералии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) расид…
Ман дар бораи ин се вазир, ки акнун бознишастаанду паҳлуяшон ҳастам, дидгоҳамро менависам.
Зеро Талбак Назаровро “дар домонаш намоз хонӣ, меарзад”-у Ҳамроҳхон Зарифӣ дар талаби кори давлатӣ “акагию додарӣ надошт”, вале дар рӯзи мушкилиат дар шахси ӯ акою падар доштӣ…
Абдулфайз АТОӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ