Шинос шаед! Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ –ректори нави ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, ректори нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 55 –сола буда, доктори илмҳои тиб, профессор ва донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Номбурда 21 январ бо қарори Ҳукумати мамлакат ба ин вазифа таъин шуд.
Ӯ соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи сурх хатм кардааст.
Солҳои 1994-1996 ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 1996-1999 аспиранти кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 1999-2001 ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 2001-2003 докторанти кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 2004-2008 докторанти кафедраи ҷарроҳии ба номи Н.Д. Монастирскии Академияи тиббии баъдидипломии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, соли 2009 табиби ҷарроҳи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5, шаҳри Душанбе, солҳои 2009-2015 мудири шӯъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи клиникии шаҳрии №5, шаҳри Душанбе, соли 2015 то 16.12.2024 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 16.12.2024 то 21 01.2025 Проректор оид ба илм ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудааст.
Бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, Медали Хизмати шоиста, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Нишони сарисинагии Сино дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ