Шинос шавед: Ғолибони озмуни “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” аз ДДТТ

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар озмуни “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” соҳиби 2 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм ва 1 ифтихорнома гардиданд.

Ғолибон дар доираи конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид, қадрдонӣ шуданд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба ғолибони озмун диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравиро супоридааст.

Ҳамин тариқ, Насимова Муниса Бобохоновна — донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 260202 — Менеҷмент соҳиби ҷойи якум дар бахши сайёҳӣ, Қурбонхолзода Равшан — донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 910201 — Сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо сазовори ҷойи 1-ум дар бахши фарҳангшиносӣ, Ашурова Дилноза Сафомидиновна — донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 25010720 — Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо соҳиби ҷойи 2-юм дар бахши иқтисодиёт, Умаров Сорбон Ҷамахонович — донишҷӯи курси якуми ихтисоси 250103 — Иқтисодиёти ҷаҳонӣ соҳиби ҷойи 2-юм дар бахши экология, Каримов Меҳровар — донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 24010204 — Ҳуқуқи байналмилалӣ соҳиби дипломи дараҷаи сеюм дар бахши экология, Қурбоналии Саттор — донишҷӯи курси якуми ихтисоси 960101 — Фаъолияти гумрук сазовори ҷойи 3-юм дар бахши химия ва Расулов Сипар Фирӯзович — донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 250103 — Иқтисодиёти ҷаҳон сазовори ифтихорнома дар бахши илм ва технология гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар конфронс инчунин ректорон ва муовинони ректор оид ба илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *