Шинос шавед! Солеҳа Холмаҳмадзода – вазири нави меҳнат
Имрӯз, 21 январ Гулнора Ҳасанзода аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Тоҷикистон барканор шуд. Ба ҷойи Солеҳа Холмаҳмадзода таъин гардид. Номбурда то ин муддат вакили Маҷлиси намояндагон буд.
Солеҳа Холмаҳмадзода 50 сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо ихтисоси муҳандис-технолог-механик аст. Инчунин, номбурда соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Номбурда фаъолияти меҳнатиро аз раиси Созмони ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз карда, дар ҳайати мушовараи Адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомӯз, аъзои ҳайат, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи И. Сомонӣ, мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ ва адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардори шуъбаи кадрҳои Филиали Донишгоҳи миллӣ – таҳқиқотии технологии «МИСиС» ифои вазифа намудааст.
Ҳамчунин, чандин сол муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият доштааст.
Солеҳа Холмаҳмадзода соли 2019 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ