Шиносномаи сарвазирро дуздиданд
Сарвазир гуфт, ки дар он рӯз «компютер, соат, атриёт, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ашёро аз дафтари кории ман рабудаанд
Шиносномаи дипломатии сарвазири Арманистон Никол Пашинянро одамоне рабудаанд, ки 10 ноябри соли 2020 ба бинои ҳукумат даромадаанд, гуфт котиби матбуотии вазорати корҳои хориҷӣ Анна Нагдалян. Шаби 10 ноябр тазоҳургарон дар Ереван аз имзои изҳорот дар бораи қатъи амалиёти низомӣ дар Қарабоғ норозӣ шуда, биноҳои ҳукумат, парлумон ва қасри сарвазирро тахриб карданд. Баъдтар Пашинян гуфт, ки дар он рӯз «компютер, соат, атриёт, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ашёро аз дафтари кории сарвазир рабудаанд.» » 10 ноябр гурӯҳе аз мардум ба бинои ҳукумати Арманистон ворид шуда,14 шиносномаи дипломатро рабуданд ва худи ҳамон рӯз Вазорати корҳои хориҷӣ онҳоро беэътибор кард. Дар байни ин шиносномаҳо шиносномаи дипломатии Сарвазир низ буд” иқтибос овардааст агентии давлатии “Арменпресс” аз гуфтаҳои Нагдалян.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ