Шиносномаи тоҷикӣ дар соли 2019 ҷолибтар шудааст
Бино бар гузориши ширкати байналмилалии Henley & Partners шиносномаи тоҷикӣ дар соли гузашта ҷолибтар шуда, мавқеи худро бо нишондоди ба 58 давлати дунё бидуни раводид сарфар кардани шаҳрвандонаш дар индекси ҷаҳонии шиносномаҳо мустаҳкам кард.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни раводид (виза) ба 58 давлати дунё ҳуқуқи сафарро доранд, ки ин боиси дар рейтинги ширкати Henley & Partners 84-ум ҷойро ишғол кардани Тоҷикистон шуд. Бояд гуфт, ки тибқи омори шаш моҳаи аввали соли 2019 шаҳрвандони Тоҷикистон ба 57 давлати дунё бидуни раводид сафар карда метавонистанд ва мавқеаш дар ҷойи 87-ум буд.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи баландтаринро Қазоқистон дорад. Он дар ҷойи 67-ум қарор дошта, шаҳрвандонаш 76 кишвари дунё бидуни виза сафар кунанд.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавқеи худро дар рейтинги ҷолибияти шиносномаҳо-2019 беҳтар кардааст. Шаҳрвандони ин кишвар ҳам метавонанд бе мамоният ба 57 давлати дигар рафта метавонанд, ки ҷойгоҳашро дар рейтинги мазкур 85-ум нишон медиҳад.
Туркманистон дар рейтинги соли 2019 дар мақоми 90-ум қарор гирифт. Мамлакат бо 52 кишвар раводиди бидуни раводид дорад. Ва ин далели он аст, ки Туркманистон дар миёни кишварҳои пасошуравӣ аз ҳама ҷойи охирро ишғол кардааст.
Дар миёни кишварҳои минтақа Афғонистон дар ҷойи аз ҳама охир қарор дорад.
Дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ мавқеи пешсафиро дар рейтинг Литва — 10-ум, Латвия — 11-ум ва Эстония — 12-ум ишғол мекунанд.
Пас аз он Украина — 43-ум, Молдова – 49-ум, Русия – 51-ум, Гурҷистон – 53-ум, Қазоқистон – 67-ум, Беларус – 68-ум ва Озарбойҷон – 76-ум.
Дар поёни рӯйхат Қирғизистон — ҷои 80-ум, Арманистон — 81-ум, Тоҷикистон — 84-ум, Ӯзбекистон — 85-ум ва Туркманистон — 90-ум мебошанд.
Зимнан, “пуриқтидортарин” шиносномаҳо дар ҷаҳон Ҷопон, Сингапур, Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳисобида мешаванд ва дар ин баробар ба ақидаи коршиносон шиносномаҳои ИМА ва Бритониё мавқеашонро гум мекунанд.
Гуфта мешавад, ки Ҷопон бори дигар дар ҷаҳон соҳиби шиносномаи “пурқудрат” эътироф шуд. Яъне шаҳрвандони ин давлат бидуни виза ба 191 кишвари дунё равуо карда метавонанд.
Дар рейтинг ҷои сеюмро Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ бо нишондоди ба 189 кишвар сафари бевиза намудани шаҳрвандонашон ишғол карданд.
Коршиносони ширкати Henley & Partners қайд мекунанд, ки кишварҳои Осиё ҷойгоҳи худро дар рейтинг беҳтар мекунанд. Масалан, дар соли сипаришуда Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ чаҳор зина боло рафтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ