Шиноварӣ:Чаро дар он муваффақ нестем?

Қобил ба варзиши шиноварӣ нестем?

Варзиши шиноварӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта метавон гуфт, ки қадамҳои нахустин гузошта буд.

   Аслан Тоҷикистони сотсиалистиро он солҳо варзишгарони русу русзабон, ки аз дигар ҷамоҳири шӯравӣ маскун ба кишвари мо шуда буданд, муаррифӣ мекарданд. Мураббиёни соҳа ва кормандони кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ низ аксар русзабон буданд ва майлу хоҳиши ба варзиши шиноварӣ ҷалб кунонидани мардуми таҳҷоӣ – тоҷиконро надоштанд. Аз ҳисоби шаҳрвандони асили ҷумҳурӣ аҳён-аҳён ба ин намуди варзиш роҳ дода мешуданд. Дар натиҷа афкори ҷамъиятии «аз тоҷикон варзишгари  шиновар намебарояд», ба миён омад. Людмила Ляшенко (дар шиноварӣ), Наталя Шлемова, Сергей Никифоренко ( ҷаҳиш ба об), дастаи ватерполо (тӯббозӣ дар об) – ҳама русзабонҳо буданд. Дуруст аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои умумиитифоқию байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон баромад намуда, медалу ҷоизаҳо меоварданд.  Ба мақсади рушди намудҳои варзиши обӣ ноябри соли 1971 Ҳавзи ҷумҳуриявии шиноварӣ бо оби гарм мавриди истифода қарор гирифт. (Имрӯз он  Ҷамъияти саҳҳомии шаклаш кушодаи «Ҳавзи шиноварии љумњуриявӣ» ном гирифта,  ҳоли табоҳе дорад. Азнавсозиии он ҳеҷ не ки ба охир расад). Мутахассисон ва варзишгарони шӯравии русзабон ҳама аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳаросида, дум хода карданд. Акнун кишварамонро дар бозиҳои олимпӣ дастпарварони мактаби кӯдакону бачагон оид намудҳои варзиши обии рақами 4-и шаҳри Душанбе намояндагӣ мекунанд, ки дар бозиҳои олимпӣ нишондодҳои назаррас ба даст оварда наметавонанд. Масалан,  кишварамонро дар олимпиадаҳои Пекин-2008 ва Лондон-2012 фақат дастпарвари мактуби мазкур Катерина Измайлова оид ба шиноварии озод ба масофаи  50 метр намояндагӣ кардааст. Дар Лондон Измайлова дар гурӯҳи сеюм бо нишондоди 31,27 сония ҷойи 5-умро ишғол намуда буд, ки  натиҷаи умедбахш нест. Ҳоло синну соли Измайлова дигар имкони ширкат дар мусобиқаҳоро намедиҳад, вале ӯ ба кори мураббигӣ рӯ овардааст.

Федератсияи ба ном шиноварӣ

Федератсияи ҷумҳуриявии шиноварӣ, бинобар сарпараст надоштанаш, қариб ки фаъолият надорад.  Бо кӯшиши федератсия соли гузашта татбиқи лоиҳа оид ба рушди варзиши обӣ дар мамлакат шуруъ шуда, таҳлилгари байналмилалӣ Валерий Негиевичро барои роҳандозии курси омӯзиши варзишгарону мутахассисони шиноварӣ даъват намуданд. Ӯ дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе машғулиятҳо доир карда, ба вазъияти шиноварӣ чунин баҳо додааст:

—  Имрӯз сатҳи варзиши обӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати гузариш қарор дорад. Базаи моддӣ ва техникии варзиши обӣ, ҳавзҳои шиноварӣ бо оби гарм  вуҷуд надошта, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба хеле зарур аст. Аз ин сабаб, тайёр кардани варзишгарони касбӣ  мушкилиҳои зиёд дорад. Инчунин, ба мактаби бачагонаи шиноварӣ, ки бояд захираи миллии варзиши шиноварӣ дар Тоҷикистон бошад, эҳтиёҷ калон аст…

Бинобар ин, дар арафаи бозиҳои тобистонаи олимпӣ мушкилоти ба дастории роҳхатҳои олимпӣ барои варзиши шиноварӣ, ки алҳол аз намудҳои варзиши обӣ ба қадри имконот арзи ҳастӣ дорад, ба миён меояд. Ширкати шиноварони тоҷик  дар мавсими имсола низ дар мусобиқоти лисензионии олимпӣ мушкилоти такроршавандаро ба миён овардааст. Шиноварони мо мустақилона ягон роҳхатро ба Рио-2016 касб накардаанд. квотаҳои ҷудокардаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳар дафъа вазъияти шиноварони Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ду-се квота ҷудо менамояд.

Олим – номбардори миллат?

Чанде пеш Федератсияи миллии шиноварӣ мужда расонд, ки Федератсияи байналмилалии шиноварӣ 2 квотаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейроро барои шиноварони марду зани Тоҷикистон ҷудо кардааст. Ин квотаҳо ба номи шиноварон Анастасия Тюрина (дастпарвари мактаби кӯдакону наврасон оид ба намудҳои шиноварии №4- шаҳри Душанбе) ва Олим Қурбонов навишта шудаанд.

Олим Қурбонов, хатмкардаи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аввалин сабақҳои шиновариро  аз мураббиён мактаби ҷумҳуриявии  намудҳои варзиши обии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гирифта, борҳо дар мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаълона иштирок намуда, ба комёбиҳои варзишӣ ноил гардидааст. Ӯ соли 2010 дар эстафетаи намуди кролли шиноварӣ ҷойи якум, соли 2011 дар ин намуд миёни мардон ҷойи сеюмро ишғол карда,  соли 2012 байни калонсолон унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалии Қазоқистон дар шиноварии комплексии чорнафара ба масофаи 200 метр ҷойи чорумро гирифтааст. Олим Қурбонов, ҳамчунин, дар бозиҳои Осиё-2014, ки дар кишвари Кореяи Ҷанубӣ миёни калонсолон доир шуд, зинаи 4-ум ва Ҷоми Қазон-2015 ҷойи 3-юмро сазовор гардидааст. Ҳамаи ин боис шуда, ки Федератсияи байналмилалии шиноварӣ квотаи худро ба ин шиновари умедбахши тоҷик таъсис бидиҳад.

Имрӯзҳо Олим таҳти роҳнамоии мураббӣ Алисомон Мӯсоев дар ҳавзи шиноварии «Динамо»-и ВКД ҷумҳурӣ, ки шароити ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ дорад,  машқу тамрин намуда, ба Олимпидаи Рио-2016 омодагӣ мебинад.

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *