Шинзу Оба: Аз даргирӣ дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ шавад
Сарвазири Япония дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Теҳрон гуфт, ки дар пешгирии хатари даргирӣ дар Ховари Миёна Эрон бояд “нақши созандаеро ифо кунад”.
Сарвазири Япония дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Теҳрон гуфт, ки дар пешгирии хатари даргирӣ дар Ховари Миёна Эрон бояд “нақши созандаеро ифо кунад”.
Шинзу Оба, сарвазири Япония дар як сафари камсобиқа дар Теҳрон бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Вай пас дидор бо мақомоти Эрон дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, “сулҳу субот дар Ховари Миёна на фақат барои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон аҳамияти асосӣ дорад”.
Ҳасан Рӯҳонӣ ба навбати худ дар ин нишаст гуфт, ки “Эрон дар минтақа ҳеч гоҳ оғозгари ҷанг нахоҳад буд, ҳатто бо Амрико”. Аммо Эрон ба ҷангҷӯён посухи сангин хоҳад дод.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Эрон, решаи танишҳо ба ҷанги иқтисодии Амрико алайҳи Эрон рабт мегирад ва ин ҷанг бояд мутаваққиф шавад.
Пас аз хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар моҳи майи соли гузашта таҳримҳои ИМА нисбати Эрон дубора ҷорӣ гардид. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико таъкид дошт, ки Эрон субот ва амният дар Ховари Миёнаро ба хатар меандозад.
Дар соли ҷорӣ танишҳо миёни ИМА ва Эрон боло гирифт ва Амрико киштии ҳавопаймобари ҷангии худро ба Халиҷи Форс фиристод ва ин амр эҳтимоли сар задани даргирӣ миёни ду кишварро афзоиш дод.
Шинзу Оба, сарвазири Япония дар моҳи гузашта бо раиси ҷумҳури Амрико мулоқот карда буд. Ҳамакнун дар дидор бо раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон ният дорад, то танишҳоро аз байн бурда ё ҳадди ақал коҳиш диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ