Ширин Амонзода: 120 ҳазор афв шудаву 150 ҳазор тоҷикистонӣ буду боши худро қонунӣ кардаанд
Беш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия афв карда шудаанд. Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе шарҳ надод, ки муҳоҷирон чӣ қонуншиканӣ карда буданд. Мақомот дар гузашта гуфта буданд, ки тақрибан 230 ҳазор нафар муваққатан аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд.
Марбут ба посух ба суоли Радиои Озодӣ вазири меҳнат гуфт, соли гузашта он муҳоҷироне шомили афв шуданд, ки аз ҷониби мақомоти Русия вурудашон ба он кишвар манъ шуда буд. «Нафароне, ки бо қарорҳои суд ихроҷ шуда буданд, ба ин афв шомил намешуданд»,- афзуд Ширин Амонзода.
Раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов моҳи октябри соли гузашта гуфта буд, муҳоҷироне, ки шомили афв шуданд, онҳое ҳастанд, ки ҳаққи сафар ба Русияро надоштанд. Ин афв ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо қарори додгоҳ аз Русия ихроҷ шудаанд, дахл надорад.
Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон 9-уми феврал ҳамчунин гуфт, соли гузашта бар иловаи афви муҳоҷирон, инчунин зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон будубоши худро дар Русия қонунӣ кардаанд. Ин кор, ба гуфтаи Ширин Амонзода, хафви аз Русия ихроҷ шудани онҳоро кам кард.
Ба пурсишҳои батакрори хабарнигори Озодӣ, вазири меҳнат мушаххасан нагуфт, ки феълан роҳи чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия баста шудааст. Шумораи умумии муҳоҷирони тоҷик, ки наметавонанд ба Русия сафар кунанд, 230 ҳазор нафар гуфта мешавад.
Соли гузашта тибқи омори вазири меҳнат 373 ҳазору 773 нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Вале омори мақомоти тоҷик ҳамеша баҳсбарангез аст. Ҷониби Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион мегӯяд. Моҳи апрели соли гузашта роҳи муҳоҷирон ба Русия боз шуд ва садҳо нафар барои дарёфти ҷойи кор маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ