Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Олмон ҳамкориро ба роҳ монданд (аудио)
Бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ва ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Мюнхен ба номи Франс-Йозеф-Штраус ва як қатор намояндагони ширкатҳои хизматрасонии ҳавопаймоӣ мулоқот намуданд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон, зимни мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои минбаъда муҳокима шуда, ҷонибҳо барои татбиқи нақшаҳои муштарак изҳори мувофиқат кардаанд.
Бояд зикр намуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Мюнхен ба номи “Франс-Йозеф-Штраус” дуюмин бузургтарин фурудгоҳи Олмон буда, дар устони федеролии Бавария ҷойгир аст. Ин фурудгоҳ соли 1992 дар масофаи 29 км дар шимолу шарқи Мюнхен сохта шудааст. Фурудгоҳ аз 2 терминал иборат буда, терминали 1 дорои зарфияти хизматрасонии солонаи 17 миллион ва терминали 2 ба 36 миллион мусофир мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ