Ширкатҳои мусофирбари Душанбе пурра ба нақлиёти барқӣ мегузаранд

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкатҳои мусофирбари пойтахт пурра ба низоми нақлиёти барқӣ мегузаранд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласаи вакилони халқии пойтахт татбиқи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028-ро баррасӣ кардааст.

Аз ҷумла, масъулинро муваззаф кардааст, ки барои беҳтар намудани хизматрасонии ширкатҳои кироякаши таксӣ, пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронидани паркҳои нақлиётии ширкатҳо, бунёд намудани нуқтаҳои барқгирӣ ва дигар масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *