Ширкатҳои Русия дар МОИ «Кӯлоб»-у «Суғд» ду корхона месозанд

Ширкатҳои Русия қасд доранд дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон (МОИ) «Кӯлоб»-у «Суғд» ду корхона бунёд кунанд. Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” бо такя ба маълумоти раиси Шурои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев хабар дод.

«Байни МОИ «Суғд» ва ширкати русии «Лабораторияи зидди сӯхтор» се тафоҳумнома ба имзо расид»,- гуфтааст Ислом Назаралиев.

Ба гуфтаи ӯ, бо МОИ «Кӯлоб» аз ҷониби ширкати русии «Преноли» ва ширкати «Растани инно»-и Тоҷикистон, ки ба парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистон машғуланд, як созишномаи дигар ба имзо расонида шудааст.

Назаралиев илова кард, ки миёни ҶДММ «Net Solutions» ва Шурои соҳибкорон оид ба рушди лоиҳаҳои рақамӣ ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расид. Вай тавзеҳ дод, ки сармоягузории лозим барои се тарҳе, ки ширкатҳои русӣ амалӣ мекунанд, беш аз 2,5 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар назди Шурои соҳибкорон як ниҳоди илмӣ-тадқиқотӣ таъсис дода шудааст, ки ба он академики Академияи илмҳои Русия Игор Шеремет раҳбарӣ мекунад. Ба он 5 академик ва як узви вобастаи Академияи илмҳои Русия шомиланд.

«Мо бо президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ мулоқот карда, қолаби ҳамкорӣ бо Шурои соҳибкоронро баррасӣ кардем»,- афзудааст Назаралиев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *