Ширкатҳои истихроҷкунанда масъалаҳои омодасозии гузориши ТШСИ-ро муҳокима карданд

Котиботи миллӣ ва Шӯрои Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда (ТШСИ) ба татбиқи амалии омодасозии гузориши ТШСИ шурӯъ намуда, 7 апрел дар Душанбе барои ширкатҳои истихроҷкунанда семинари корӣ баргузор карданд.

Дар семинар намояндагони ширкатҳои бузург ва миёнаи истихроҷкунандаи Тоҷикистон, ки маълумоташон дар Гузориши миллии Тоҷикистон тибқи ТШСИ ва мақомоти давлатие, ки дар муқоисаи тамоми маълумот ширкат меварзанд, иштирок карданд. Дар ҷараёни семинар аъзои Шӯрои ТШСИ-и Тоҷикистон Тоҷинисо Азизова, Собир Вазиров, Шаҳло Ҷӯраева ва намояндаи ширкати аудитории  BDO Бахтиёр Рустамов бо маърӯзаҳои муаррифӣ баромад карданд. Таъкид менамоем, ки ширкати номбурда аз интихоб барои омодасозии гузориши дуюми ТШСИ гузаштааст.

Ба иштирокчиёни семинар дар бораи ТШСИ, таърихи пайдоиши Ташаббус иттилоот дода шуда, оид ба меъёрҳои ТШСИ ва муҳимият дар соҳаҳои истихроҷкунанда нақл карда шуд. Илова бар ин, иштирокчиён доир ба сохтори ТШСИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи тасдиқшуда оид ба  роҳҳо вобаста ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ барои солҳои  2017-2020 ва меъёрҳои ТШСИ нисбат ба ошкорнамоии соҳибмулкии ширкатҳо воқиф шуданд. Иштирокчиён доир ба ТШСИ саволҳои гуногун дода, ҷавобҳои мушаххас шуниданд.

Гузориши дуюми ТШСИ-и Тоҷикистон  миёнаи соли 2017 манзур карда мешавад. Тибқи қарори Шӯрои ТШСИ дар он ҳисоботи молиявии 39 ширкати истихроҷкунанда дар давоми солҳои 2015-2016 инъикос меёбад. Ширкатҳои мазкур пас аз муайяннамоии дараҷаи таъсирнокӣ (порога существенности) дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ (пардохтҳои андозӣ) интихоб карда шуданд. Дар байни онҳо ширкатҳои истихроҷкунандаи азим, амсоли корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Апрелевка»,  «Покрӯд», «Назар Айлоқ», «Ангишти тоҷик», «Хуаксин Ғаюр семент», ширкати «Саноати кӯҳии  Тоҷкиситону Хитой», «Петролеум Суғд» ва дигарҳо ҳастанд.

Татбиқи Ташаббус дар Тоҷикистон аз соли 2011 шурӯъ ёфт ва он соли 2013 ба ТШСИ пазируфта шуда, номзад ба пайравон гашт. Гузориши аввалини миллии ТШСИ соли 2015 ба табъ расид, ки дар он маълумоти молиявии 14 ширкати истихроҷкунанда манзур карда шуда буд. Соли  2016 кишвар бори аввал аз рӯйи гузориши якум тасдиқнамоӣ (валидатсия)- ро гузашт. Айни замон ТШСИ дар 51 мамлакати ҷаҳон татбиқ мешавад.

Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда (ТШСИ) дорои методологияи мусоид мебошад, ки ҳамчун меъёри ТШСИ машҳур буда, дар ҳамаи кишварҳои ТШСИ-ро татбиқкунанда риояи меъёри байналмилалиро кафолат медиҳад. Ин меъёри ҷаҳонӣ ба шаффофияти даромадҳо дар сатҳи маҳаллӣ боис  мешавад. Шаффофияти мазкур ниҳоят ба ҷалби сармоягузорон ба кишвар, афзоиши даромадҳо аз соҳаҳои истихроҷкунанда ба буҷети давлат, баҳри мубориза бар зидди  фасод, ҳалли мушкилоти бекорӣ ва муҳоҷират мусоидат менамояд.

 

Таҳияи Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *