Ширкат ва нокомии паҳлавонони тоҷик дар Zagreb Grand Prix 2022
Аз 15 то 17-уми июл дар пойтахти кишвари Хорватия мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2022 баргузор шуд, ки дар ин мусобиқа 7 нафар аз Тоҷикистон ширкат карданд.
Муҳаммад Маҳмадизода, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг), Шаҳбоз Саидаброров, Алиҷон Сафаралиев (дар вазни -66 кг), Наврўз Каримзод (дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев (дар вазни -81 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни -90 кг) буданд, ки Тоҷикистонро намояндагӣ карданд. Комроншоҳи Устопириён, ки қаблан дар рўйхати ширкаткунандагон буд, бо далели осеб бардоштан ширкат накард.
Натиҷаи беҳтарро Ҷаҳонгир Маҷидов нишон дод. Ў нерўсанҷиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар намояндаи Латвия Алексей Зарудневс, дар даври сеюм бар паҳлавони маъруфи сербӣ Неманя Майдов пирўз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Бразил Рафаэл Маседо ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Нидерланд Ноэл Ван`т Энд мағлуб гардида, ҷойи ҳафтумро гирифт.
Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг) рақобатро аз даври дуюм муқобили Якоб Мор аз ИМА оғоз карда, пирўз шуд, аммо дар даври сеюм аз варзишгари ботаҷрибаи Ҷопон Генки Кога мағлуб гардид. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) низ ба рақобат аз даври дуюм пардохта, аз намояндаи Гурҷистон Гиорги Сардалашвили ноком шуд.
Алиҷон Сафаралиев (-66 кг) дар нахустин қувваозмоияш аз Страхиня Бунчич (Сербия) шикаст хўрд. Дар ин вазн Шаҳбоз Саидаброров нерӯсанҷиро аз даври дуюм бар зидди Майкл Фрайер аз Бритониёи Кабир шуруъ карда, ғолиб шуд. Мутаассифона, дар даври сеюм аз Ҷе-Ҳон Ан аз Корея мағлуб гардид.
Наврўз Каримзод (-73 кг) ва Шодмон Ризоев (-81 кг) дар нахустин рақобаташон аз ҷудокорони Полша — Ксавери Морка ва Себастян Мартсинкевич бо гирифтани се танбеҳ ноком шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ