Ширкати чинӣ мардумро бехона кард

Ширкати чинии “Ҳусноро-1” тӯли се сол  аст, ки  бо ваъдабозиаш бинои баландошёнаро  дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд бунёд намекунад. 

Раиси шаҳр муамморо шарҳ дод

29 январи соли равон зимни нишасти хабарӣ  раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сабабҳои мавқуфгузорӣ, тақдири 32 оила ва дигар мушкилоти вобаста ба он дар ҳузури журналистон посух гуфт.

-Ширкати чинии “Ҳусноро-1”  тобистони соли 2015 манзилҳои  заминии сокинони хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳрро  бо ваъдаи он, ки баъди як сол  ба ҷои манзилҳояшон  манзилҳои нави бисёрошёнаро бунёд карда месупоранд, вайрон карда буд. МИҲД-и шаҳри Хуҷанд бо мувофиқа ба МИҲД-и вилояти Суғд барои  бунёди биноҳои баландошёна розигӣ дода  буд.

Роҳбари ширкати «Ҳусноро-1» Ван Рен Лин ҳангоми вохӯри бо сокинони шаҳри Хуҷанд, соли 2018

Аммо  тӯли 3 сол  аст,  ки  32 оила ба умеди манзилҳои наву замонавӣ дар хонаҳои иҷора зиндагӣ доранд. Албатта, тибқи шартнома дар доираи қонунҳои амалкунанда барои шаҳрвандоне,  ки иҷорашин шуданд, иҷорапулӣ дода шудааст.  Аммо ширкат барои оғози сохтмон ба кашолкорӣ роҳ дода, боиси норизоии бештари иҷоранишинон шуд, -шарҳ дод Муҳаммадзода.

Дар идома раис афзуд:  “Имсол, баҳонаи масъулини ширкат масъалаи лоиҳаи сохтмон буд. Лоиҳа, ки дар давлати Чин тарҳрезӣ шуда буд, аз баъзе ҷиҳатҳо ба меъёрҳои сохтмонӣ ва стандартӣ бо давлати мо дуруст наомад. Аз ин рӯ, барои дуруст кардани лоиҳа ва мутобиқ гардонидани  он ба меъёрҳои шаҳрсозии  ҶТ  ба масъулини ширкат якҷоя бо мутахассисони “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Шаҳрофар”,   масъулини  “Корхонаи давлатии  лоиҳакаши шаҳри Хуҷанд”, сармеъмори шаҳр,  мусоидат кардем.

Хулоса,  лоиҳаро низ  ба меъёрҳои шаҳрсозии Тоҷикистон ҷавобгӯй карда таҳия кардем,  аммо то имрӯз ширкат бо сабабҳои номаълум ба сохтмон оғоз накард. Дар охир маълум шуд, ки Ширкати чинии “Ҳусноро-1”,  аз ҷиҳати  маблағгузорӣ  низ танқисӣ доштааст”.   

 

 Ваъдабозӣ ва нигаронии сокинон

Ҳамчунин, раиси шаҳр афзуд, ки аз сабаби ба кашолкории зиёд роҳ додани масъулини ширкат ва зиёд шудани арзу доди иҷоранишинон МИҲД-и шаҳр ба онҳо пешниҳод кард, ки ҳукумати шаҳр ба 32 оилаи иҷорашин аз тарафи рости соҳил,  кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев бино бунёд карда медиҳад. Аммо сокинони бехонамондаи хиёбони Раҳмон Набиев ин пешниҳодро қабул накардаанд. Раиси шаҳр ва дигар масъулини МИҲД-и Хуҷанд пешниҳод кардаанд, ки аз микроноҳияи 18-уми шаҳр бинои замонавӣ бунёд карда, ба ин 32 оила дар иҷорабуда супоранд. Аммо ин пешниҳод низ қабул нашудааст.

Ҳамин тарик, масъулини МИҲД-и шаҳри Хуҷанд диданд, ваъдабозию ваъдапардозии ширкат ба амал рост намеояд, иқдом гирифтанд, ки аз ҳибоси буҷаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар ҷои ҳавлиҳои вайронкардашуда бинои баландошёна бунёд кунанд. Аз ҷумла 32-оилаи зарардида аз ин бино бо хонаҳои барҳаво таъмин мешаванд.  Ҳоло корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст, вале бо вуҷуди ин, баъзе муаммоҳо ҷой доранд. Дар ин бобат раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт: -“Аз сабаби  баланд будани оби зеризаминӣ баъзе мушкилиҳо ба миён омад. Ба ин нигоҳ накарда, ман бовар дорам бинокорони мо дар муҳлати муайяншуда сохтмонро ба охир расонида, ба истифода медиҳанд”.

Муаммои кашолкории Ширкати чинии “Ҳусноро-1” дар Хуҷанд се сол аст, ки зери таваҷҷуҳи тамоми ВАО-и вилоят ва ҷумҳурӣ  қарор гирифтааст. Моҳи январи  соли 2018 косаи сабри иҷоранишинҳо лабрез шуда, оид ба беадолатии ширкат ба журналистон изҳори нигаронӣ намуданд. Зеро дар ин моҳ дар пайи арзу доди зиёди сокинон шаҳрдори Хуҷанд се намояндаи маҳаллаи мазкурро барои як ҳафта ба Чин фиристода буд.  Ба ибораи дигар ,кори ширкат “Ё ту биё ё ман равам” шуд.

Ван Рен Лин, роҳбари Ширкати чинии “Ҳусноро-1”  ҳам дар навбати худ дар мулоқот бо сокинон гуфта буд, ки ширкаташ талош хоҳад кард, ки тарҳ зудтар ба тасвиб бирасад, то ба сохтмони биноҳо барои сокинон сар кунанд.    Аммо ин ваъдааш мисли баъзе аз ваъдаҳои тоҷикии мо ба монанди  “корбариҳо рафта истодааст”, “камбудиҳо ислоҳ шуда истодаанд”, “ободкориҳо идома дорад” ва садҳову ҳазор ин гуна ибораҳои борону жолашуста ваъда боқӣ монд.

Рӯзи  2 январ   ба маҳали сохтмон рафтам, ки ғайр аз як  трактор чизи дигар ва ё каси дигар ба назар наменамуд.  Вале шоҳиди он шудам, ки ҷое барои сохтмон кандаанд, оби зиёд  баромада, кӯлеро мондааст. (ба акс нигаред).

Ба гуфти ҳолдонҳои ин ҳолат муаммои асосӣ ва рост наомадани лоиҳаи чиниҳо ин  пайдо шудани ҳавзакҳои об дар рафти кандани замини сохтмон будааст. Ба ҳар ҳол хоҳ ҳавзи об баромад, хоҳ кони хок ваъдаи чиниҳо амалӣ нашуд.

 Вайронӣ як лаҳза мехоҳаду ободӣ як сол

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо Ширкати «Ҳусноро-1” аз рӯи сохтмони “Шаҳраки чинӣ” дар соҳили дарёи Сирдарё  қарордод баста буданд. Аммо бо муаммоҳои зикршуда кор ранги дигар гирифт.

Масъулин ҳам бо саросемагӣ дасту остин барзада, нахуст бо харобу ҳамвор кардани манзилҳои 32 хонавода дар ҷои сохтмон оғоз карданд. Чуноне ки мегӯянд “вайронӣ як сония мехоҳаду ободӣ як сол”.   Хонаҳои 32 оила мисли замин ба зудӣ ҳамвор карда шуд. Аммо тӯли се сол кай бунёд шудани шаҳраки чинӣ ба ҳамагон саволи мутлақ буд. Дар ҳар нишастҳои хабарӣ давоми се сол сеюм раиси шаҳри Хуҷанд ба ин савол посух гуфтанд. Вале дар тӯли 3 сол раисон сабаби таъхирафтии кори сохтмонро  равшан шарҳ надода, ба мушкили таҳияву тасдиқи лоиҳа рабт медоданд.

Дар зимни нишасти хабарии 29 январ раиси шаҳри Хуҷанд сабабҳои мавқуфгузориро равшантар   шарҳ дод. Аммо  саволи мутлақ ин аст:  Ба ваъдааш амал накардани  сарвари ширкати чинӣ- Ван Рен Лин ба будҷаи Хуҷанд чӣ қадар зарар овард?

 Фарзона Муродӣ,

ш. Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *