Ширкати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон

Паҳлавонони навраси Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо, ки дар Загреби Хорватия оғоз шуд, ширкат мекунанд.

Мусобиқа то 27-уми август идома мекунад ва дар он аз Тоҷикистон 7 паҳлавон майдондорӣ хоҳанд кард. Инҳо Мадина Қурбонзода (дар вазни 48 кг), Лоиқ Қутбуддинов, Икром Шамсов (ҳарду дар вазни 55 кг), Ёсин Бобокалонов (60 кг), Ворис Назаров, Муҳаммадин Лоиқов (ҳарду дар вазни 66 кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (73 кг) ҳастанд.

Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибон ва ҷоизадорон бо мукофотҳои пулӣ сарафроз мешаванд. Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеи худ дар рейтинги ҷаҳонӣ соҳиби имтиёз мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *