Ширкати кормандони Бонки миллӣ дар  Дави миллӣ

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари дигар вазорату идораҳо, намояндагони касбу кори гуногун варзишгарон, ҷавонон, бонувон ва меҳмонон дар Дави миллӣ ва веломарафон, ки 15 майи соли 2022 бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” доир гардид, фаъолона ширкат карданд.  

Чорабинии мазкур бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар масъулин доир гардид.

Дар Дави миллӣ 45 230 нафар, аз ҷумла 17 524 нафар бону ва дар марафони велосипедронӣ 1 320 нафар хоҳишманд ширкат намуда, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ зиёда аз 10 км масофаро тай карданд.

Бояд тазаккур дод, ки барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва оммавигардонии он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 инҷониб ҳамасола дар саросари кишвар якшанбеи сеюми моҳи май бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” Дави миллӣ гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *