Ширкати мунтахаби Русия дар Рио ду баробар коҳиш меёбад

Узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Герхард Хайберг изҳор кардааст, ки ширкати мунтахаби Русия дар Олимпиадаи Рио-2016 ду баробар кохиш хоҳад ёфт.

-Акнун мо соҳибихтиёр ҳастем муқаррар намоем, ки кӣ аз кадом федератсия ба Бозиҳо роҳ дода мешаванд, — гуфтааст Герхард Хайберг. –Гурӯҳи сенафараи мо барои ба як қарор омадан то шаби шанбе шабонарӯз заҳмат мекашад. Русия аввал барои иштироки 387 варзишгар дархост дода буд. Ба фикрам, ахиран мо иштироки 50 фисади варзишгарони русро ба Олимпиадаи Рио де Жанейро иҷозат медиҳем.

Вай афзуд, ки дисквалификатсияи қисмани мунтахаби Русия аз Бозиҳо заминаи ҳақиқӣ дорад. Аз ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 бо ҷурми истеъмоли допинг мунтахаби варзиши сабук, дастаи вазнбардорон ва бахши бештари қаиқронҳо ва якчанд шиноварони Русия маҳрум карда шудаанд.

Э. НАЗАРОВ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *